Маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба беҳтаринҳои мавсими соли 2017 рӯзи шанбеи 23-юми декабр дар Душанбе, дар маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз”, баргузор мешавад. Дар ин бора Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ, рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, ки дар ин маросим ғолибон аз рӯи беш аз 20 номинатсия – беҳтарин футболбоз, мураббӣ, довар ва дигар номзадҳои мавсими 2017 - бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд. Алъон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” - маълум аст. Вай ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе Дилшод Восиев мебошад, ки имсол дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз ҳама бештар - 16 гол - задааст.
“Нахуст ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натоиҷи мавсими имсола пешкаш мегардад. Дар ин гузориш дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 нақл карда мешавад. Зимнан, ФФТ имсол корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овард. Ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд. Дар ҷумҳурии мо панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон ва бонувон доир шуд”, - иброз дошт Фаридун Солиев.
Ӯ афзуд, ки имсол дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мушарраф шуданд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт.
Дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 имсол дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳо бо ширкати тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои футбол аз кишварҳои мухталифи қора баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ба гуфтаи сухангӯи ФФТ Фаридун Солиев, рӯйхати доваталабони ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 рӯзҳои наздиктарин дар сомонаи расмии ФФТ нашр мешавад.