Дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014, ки 6-уми ноябр барпо мегарданд, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо “Саройкамар”-и Панҷ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ “Истиқлол” бар “Саройкамар” бо ҳисоби бузурги 5-0 ва “Хайр” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда буданд.
Ба ин тартиб, “Истиқлол” барои ба финал баромадан заминаи устувор гузоштааст. Вале бозии ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хайр” хеле пуршиддат хоҳад гузашт.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои аввал
«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «САРОЙКАМАР» (Панҷ) - 5:0
Голҳо: Мануэл Бледа Родригес, 9 (1:0). Дилшод Восиев, 30 (2:0). Мануэл Бледа Родригес, 53 – аз пеналтӣ (3:0). Дилшод Восиев, 71 (4:0). Мануэл Бледа Родригес, 80 (5:0).
«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - 1:0
Гол: Баҳодур Шарифов, 49 – аз пеналтӣ.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
6-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо - соати 14:00
«САРОЙКАМАР» - «ИСТИҚЛОЛ». Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ.
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».