Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии муқаддамотиро барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) бо тими “Шоҳин Осмоӣ”, қаҳрамони лигаи бартари Афғонистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба даври плей-офф роҳ ёфт.
Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ”, ки 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Ёдовар мешавем, "Ҳосилот" дар бозии аввал, ки 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон барпо гардид, бар тими “Шоҳин Осмоӣ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд.
Дар бозии дигари ҷавобии марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ рӯзи 7-уми феврал дастаи мизбон - «Балкан»-и Туркманистон – аз тими «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозии аввал миёни ин ду даста 31-уми январ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд.
Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ тимҳои “Ҳосилот”ва “Дордой” ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Бозии аввали плей-офф миёни дастаҳои “Дордой” ва “Ҳосилот” 21-уми феврал дар шаҳри Ӯш ва бозии ҷавобӣ 28-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.
Ҷоми AFC-2017
Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ
«Ҳосилот» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 70), Абдурасул Раҳмонов, Агблей Ҷонс (Шодибек Ғаффоров, 67), Наврӯз Рустамов (Абдусамад Ҳоҷибоев, 87).
«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон): Бактош Акбарӣ, Амонулло Сардорӣ, Сайид Носир, Муҳаммад Руид Самандарӣ (Самиуллоҳ Муҳаммадӣ, 72), Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ (Умед Хумайнӣ, 77), Ризоуллоҳ Ёрӣ, Ҳамид Ҳабибӣ (Абдуллоҳ Абдалӣ, 88), Сайёд Муҳаммад, Фарзод Атоӣ, Ҳусайн Ализода.
Огоҳонида шуданд: Ойбек Абдуғаффоров, Абдурасул Раҳмонов, Шодибек Ғаффоров («Ҳосилот»), Сайид Носир, Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣи («Шоҳин Осмоӣ»).
Бозигари беҳтарини ин дидор: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).
Сардовар: Моуд Бунёдифард (Эрон).
Нозири доварон: Аҳмад Ёқуб Муҳаммад Ҷумъа (ИМА).
Комиссари бозӣ: Ҷаргал Суҳбаатар (Муғулистон).
7 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6000 тамошогар.
Бозии аввал – 1:0.
«Балкан» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 1:2
Голҳо: Алишер Азизов, 8 (0:1). Авазбек Откеев, 53 (0:2). Акмаммет Метдаев, 90 (1:2).
7 феврал. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт топлуми». 9700 тамошогар.
Бозии аввал – 1:1.
Плей-офф. Бозии аввал
21 феврал (сешанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Ҳосилот» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
28 феврал (сешанбе)
«Ҳосилот» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)