Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Ҳосилот” бар қаҳрамони Афғонистон дар Душанбе


Дастаи “Ҳосилот”-и Тоҷикистон дар бозии аввали плей-офф ё роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё бар тими “Шоҳин Осмоӣ”–и Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Голи ягонаро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Ӯ тӯби баргардондаи дарвозабони “Шоҳин Осмоӣ” Коваши Ҳайдариро аз масофаи наздик ба тӯри дарвоза ворид кард.

Ин бозӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот» -и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва «Шоҳин Осмоӣ», қаҳрамони лигаи бартари Афғонистон, баъди зӯҳри сешанбеи 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бояд гуфт, ки ҳарду даста барои аввалин бор дар Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат мекунад.

Ҳазорҳо мухлисон барои дастгирии “Ҳосилот” аз ноҳияи Фархор ба Душанбе омада буданд. Дар байни тамошогарон ҳаводорони тими “Шоҳин Осмоӣ” низ ҳузур доштанд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ ва раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз меҳмонони вижаи ин бозӣ буданд.

Дастаи "Шоҳин Осмоӣ"
Дастаи "Шоҳин Осмоӣ"

Ёдовар мешавем, Федеросиюни футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байнулмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2017 барои бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» интихоб кардааст.

Дар ин дидор, ки бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, бартарии дастаи пуртаҷрибаи “Ҳосилот” ба чашм мерасид. Мутмаинан ҳар тим ба хотири бурд дохили майдон шуда буд. Зеро вазифаи ҳарду даста як аст – роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017. Дастаи ғолиб аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ байни ҳамдигар маълум мешавад.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии “Ҳосилот”, дар доираи омодагӣ ба ин бозӣ ҳайати дастаро пурқувват кард ва дар таркиби он чаҳор легионер бозӣ мекунанд.

Мутахассиси тоҷик Боир Игамбердиев, сармураббии тими “Шоҳин Осмоӣ”, ба Душанбе 18 бозигар овардааст, ки се нафарашон ба ҳайати тими миллии Афғонистон шомиланд.

Довари FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол) Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон сардовари ин бозӣ буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Лим Кок Хенг аз Сингапур ва Моҳд Умар аз Малайзия кӯмак карданд.

Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” пас аз як ҳафта, рӯзи сешанбеи 7-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ шуруъ мешавад.

Бозии дигари марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Ӯш миёни дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва «Балкан» (Туркманистон) бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар бозии ҷавобӣ «Балкан» 7-уми феврал дар майдони худ бо «Дордой» рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2017

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи марказӣ

Бозиҳои аввал

«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон) – «Ҳосилот» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Иброҳим Рабимов, 35.

«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон): Коваш Ҳайдарӣ (Умед Ҳумайнӣ, 90+5), Амонуллоҳ Сардорӣ, Саид Носир (Зайнуддин Шарифӣ, 75), Муҳаммад Руид Самандарӣ, Самиуллоҳ Муҳаммадӣ, Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ, Ризо Ёрӣ (Ҳамид Ҳабибӣ, 80), Саид Муҳаммад, Фарзод Атоӣ, Ҳусайн Ализода.

«Ҳосилот» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 90+2), Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 58), Шодибек Ғаффоров (Наврӯз Рустамов, 66), Агблей Ҷонс.

Огоҳонида шуданд: Самиуллоҳ Муҳаммадӣ, Фарзод Атоӣ («Шоҳин Осмоӣ»), Иброҳим Рабимов, Агблей Ҷонс, Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»).

Беҳтарин бозигари ин дидор: Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Сардовар: Дмитрий Машентсев (Қирғизистон).

Нозири доварон: Нимал Викраматунга (Шри-Ланка).

Комиссари бозӣ: Камол Токабоев (Қирғизистон).

31 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10 000 тамошогар.

«Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Нуртаган Мамедалиев, 69 (0:1). Алишер Азизов, 78 (1:1).

31 январ. Ӯш. Варзишгоҳи Аҳмадбек Суюнбоев. 8000 тамошогар.

Бозиҳои ҷавобӣ

7 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

«Ҳосилот» (Тоҷикистон) – «Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Балкан» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Дастаи ғолиб дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG