Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар бозии дӯстона бар тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Ин бозии контролӣ дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Шарҷа, дар маҷмааи варзишии «Ал-Шааб», баргузор шуд. Дар таркиби мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ду гол, Дилшод Саломов ва Шавкат Ҳалимов якголӣ заданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии ин дастаҳо, ки бар асоси нақша бояд 12-уми сентябр дар Шарҷа доир мешуд, бинобар ширкати мунтахаби футзали Имороти Муттаҳидаи Араб дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон лағв гардид.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки соли равон дар шаҳри Табризи Эрон доир хоҳад шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон (16-уми октябр) ва қаҳрамони бисёркаратаи Осиё - мунтахаби Эрон (17-уми октябр) рақобат мекунад. Аз ин гурӯҳ ду даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Футзал. Бозии дӯстона
Имороти Муттаҳидаи Араб – Тоҷикистон – 2:4
Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (2), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов.
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Муродулло Алиқулов – Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Мансур Эргашев (капитан), Некрӯз Алиаҳмадов.
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Шараф ба Шумо кахрамонхои Украини!!!Худо кунад,ки мо Точикистониен мисли Шумо Ватанаморо хамигуна ДУСТ дорему барои як ВАЧАБ замини даркор ШАВАД бо дасти ХОЛИ хам бошад аз ДИФО кунем!!!Боз хам ШАРАФ ба Шумо шараф шараф шараф!!!
Бузургони ахли санати сатхи чахони, точикони сатхи Ибн Сино ва Мавлоно Руми дар сохаи худ. Рухашон шод бошад.
Ягона рохи кумак ба мардуми точикистон ин тарнимхоро нисбат ба рахмон ва оилааш ва тими ятимов ва рахимов мебошад. The only way to support the the human rights issues in Tajikistan is that the US along with others international community have to impose sanctions against rahmon and his family and the team of Yatimov and Rahimov. Otherwise its just words, we need actions