Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Кӣ дар куҷо рақобат мекунад?


Барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат мекунад
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат мекунад

Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2018, ки 25-уми май дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар, доир шуд, ҳашт ҷуфти марҳилаи 1/8 финалиро маълум кард. Дар даври ҳаштякниҳоӣ ҳашт дастаи лигаи олӣ, ҳафт тими лигаи аввал ва як намояндаи лигаи дувум ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашии даври ҳаштякниҳоӣ қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - бо ССКА “Помир”-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ дар соли 2017 - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - бо «Сомон»-и ноҳияи Данғара рақобат мекунанд.

Бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Исфара» (Исфара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе) – «Саройкамар» (Панҷ), «Хатлон» (Бохтар) – «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) барпо мегарданд.

Бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 23-24-уми июл, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, рӯзҳои 11-12-уми август доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Дастаҳои ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018 аз рӯи натиҷагирии бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакӣ рӯзҳои 17-18-уми май маълум шуданд. Ба 1/8 финал дастаҳои лигаи аввал - «Исфара», «Ваҳдат», «Душанбе-83», «Сомон», «Истаравшан», «Саройкамар» ва намояндаи лигаи дуюм – «Файзканд» – роҳ ёфтанд.

Ба ин ҳафт даста дар 1/8 финал ҳашт тими лигаи олӣ мепайвандад. Инчунин намояндаи лигаи аввал - «Локомотив-Помир», ки таркиби онро аслан бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, аз марҳилаи пешакӣ озод буд ва ба мубориза аз марҳилаи ҳаштякниҳоӣ шуруъ мекунад.

Аввалин мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқот гардид. Бозии ниҳоӣ рӯзи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 41-ум ва Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 56-ум ба самар расонданд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

XS
SM
MD
LG