Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо фаррош ба иллати пирӣ аз кор хориҷ шуданд


Даҳҳо фаррош дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойҳои кории худро аз даст доданд ва қарор аст бо кормандони ҷавонтар иваз шаванд.

Мақомот далели аз кор хориҷ кардани ин гурӯҳи бузургро расидан ба синни бознишастагӣ унвон карданд. Аммо худи кӯчарӯбҳо мегӯянд, ин амали мақомот пойгоҳи молии онҳоро заъиф мекунад, зеро ҳаққи бознишастагӣ ду баробар камтар аз моҳона аст.

Раҷабгул Инъомоваи 58 сола, яке аз кормандони собиқи идораи поккории ноҳияи Сино аст, ки баробари даҳҳо тани дигар бекор мондааст. Ӯ даҳ фарзанд дорад ва тақрибан тамоми умр фаррош будааст. Раҷабгул ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмими мақомот фаррошҳоро, ки бе ин ҳам ба қишри камбизоати ҷомеъа шомил ҳастанд, хеле ноумед кард. Онҳо рӯзи ҷумъаи 28 июн бо дархости бознигарии тасмими мақомот дар назди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино ҷамъ омадаанд. Ҳоло маълум нест, ки мақомот қарори худро дигар мекунад ва ё фаррошҳо корро батамом гум кардаанд.

Раҷабгул Инъомова то рӯзи озод шудан аз кор 180 сомонӣ нафақа мегирифт ва 400 сомонии дигар музди меҳнат. Кори ӯ ва ҳамтоҳояш дар чаҳор фасли сол аз соати 3-и субҳ шурӯъ мешуд ва тамоми рӯз идома мекард. Хонум Иномова мегӯяд, "дар зимистони сард роҳҳои мошингардро бо бел шикаста – шикаста аз ях тоза мекунем. Дастҳоямон ҳам аз кор баромадаанд. Дигар ояндаи мо чӣ аст? Ҳеҷ чӣ! Аз трактор ҳам мо зиёд кор мекунем. Тракторҳо ду бор барфро тела мекунанд, белҳояшон мешикананд. Агар моро аз ДЭУ пеш кунанд, як лингчаи орд 130 сомонӣ аст, се бачаи ба зан дорам, 10 хӯранда дорам, чӣ кор мекунам? Мардинаҳомон дар солҳои 90 – ум нобуд шуданд, дигар на ҳурмат дорем, на иззат»

Аммо масъулини ноҳияи Сино мегӯянд, ин тасмим рӯзи 26 июн аз сӯи раҳбарияти ноҳия гирифта шуд ва тавҷеҳаш ҳам ин аст, ки 152 фаррош ба синни бознишастагӣ расидаанд.

Ба гуфтаи Искандар Ҳоҷиев, сарвари Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, ихтисори кӯчарӯбон дар се ноҳияи дигари шаҳр ду – се моҳ қабл сурат гирифта буд, аммо чун Сино бузургтарин ноҳияи пойтахт аст, сари ин тасмим андешаи зиёд шуд. «Мо ба додситонӣ муроҷиат кардем, ба дигар ниҳодҳои зидахл, ки чӣ тур ин теъдоди бузурги кормандонамонро ба нафақа гусел кунем. Гуфтанд, ки ин ҳама амали ғайриқонунӣ нест, зеро дастур аз боло, аз худи дастгоҳи раисҷумҳурӣ аст ва тамоми кишварро дарбар мегирад. Мо ҳам намехоҳем, ки мардуми солҳо ба ин сӯ ҳамкори худро рухсат кунем, аммо дастур аст ва бояд иҷро кард» - мегӯяд оғои Ҳоҷиев.

Иҷборан ба нафақа фиристодани фаррошҳои ноҳияи Сино дар пайи дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта сурат мегирад, ки бар пояи он ниҳодҳо ва идораҳои давлатӣ бояд шартномаҳои худро бо кормандони бознишаста лағв намуда, то 5-уми январи соли равон аз натиҷааш гузориш медоданд.

Тибқи қонуни кори Тоҷикистон, мардҳо дар синни 63-солагӣ ва занҳо дар синни 58-солагӣ бо собиқаи кории беш аз 20-сола бознишаста мешаванд.Аммо боз ҳам ҳарфи ахирро кордиҳанда мезанад, ки коргарро баъди бознишастагӣ низ нигаҳ медорад ё ҷавонтареро ба кор ҷалб мекунад.

Аммо ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино тавони ба ҷойи тақрибан 150 фарроши бознишаста пайдо кардани кӯчарӯбони ҷавонро дорад?

Искандар Ҳоҷиев мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нафарони зиёд барои кор дар ин раёсат муроҷиат кардаанд ва онҳо афроди бознишастаро иваз хоҳанд кард.
Аммо Раҷабгул Инъомова бар ин аст, ки ӯву ҳамроҳонаш ҳанӯз қудрати кор карданро дорад ва дар ҳоли бароварда нашудани хостаҳояшон дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, дари шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоевро хоҳанд куфт.

Дастур дар бораи ихтисори кормандони бознишастаи ниҳодҳои давлатӣ шаш моҳ боз иҷро мешавад. Дар ибтидо интизор мерафт, ки дастур, пеш аз ҳама, ба мансабдорони сатҳи аввалу мобайн ва ҳатто поёнии ҳукумати Тоҷикистон рабт дорад, ки каммаҳсул шудаанд, вале ҷойро барои ҷавонон холӣ намекунанд.

Аммо тавре мушоҳида мешавад, то ҳол ин дастур фақат дар робита ба кормандони маорифу тиб ва инак фаррошҳо татбиқ шудааст. Дар бораи аз кор хориҷ шудани кормандони солманди идораҳои болотари давлатӣ иттилоъи дақиқ пахш нашудааст.
XS
SM
MD
LG