Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури ҳукумат: "Гӯшти қимаи мурғ ба сарбозон тақсим шавад"


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон дастур додаанд, садҳо тонна гӯшти қимаи воридотиро, ки тоҷирон моҳи январ ба кишвар овардаанд, барои таъмини сарбозон ба вазорати мудофиа супоранд. Дастуре, ки ба гуфтаи тоҷирон «ғорати ошкори онҳо» ба ҳисоб меравад.

Дар ин дастур аз рӯзи 25-уми апрели имсол омадааст, “Маводи ҷамъшудаи ба талаботи стандартӣ мувофиқ ба Агентии таъминоти амволи махсус бо мақсади тақсимоти минбаъдаи онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ супорида шавад.”

Ин маводи ҷамъшуда ва ё маҳсулоти гӯштӣ ба гурӯҳе аз ширкатҳое тааллуқ доштааст, ки моҳи январи имсол онро барои фурӯш ба Тоҷикистон овардаанд, вале Кумитаи гумрук бо такя ба дастури ҳукумат дар бораи манъи воридоти гӯшти қима иҷозаи воридот ва фурӯши он дар дохили кишварро надодааст.

Айни замон ба гуфтаи намояндагони яке аз ин ширкатҳо, 750 тонна гӯшти қима бо арзиши 600 ҳазор доллар дар анборҳо нигаҳ дошта мешаванд.

Баъзе аз ширкатҳое, ки баъди кашмакаши зиёд бо мақомот, натавонистаанд, молашро барои фурӯш бароранд ва хаста шудаанд, бо имзои як санад ба Кумитаи гумрук гуфтаанд, ки «маҳсулотро бо хоҳиши худ ба ихтиёри давлат месупоранд». Сабаби дар анборҳо мондани гӯшти қима дастури ҳукумат аз охири соли гузашта будааст.

«Вақте маҳсулоти мо дар роҳ буд, рӯзи 29-уми декабри соли 2017 ҳукумат воридоти гӯшти қимаи мурғро манъ кард, ҳарчанд ҳеҷ гуна қарори расмӣ дар бораи манъи воридот вуҷуд надорад ва ин мухолифи конститутсия аст. Ҳама ба дастури ҳукумат аз рӯзи 29-уми декабри соли 2017 такя карда, иҷоза намедиҳанд, ки гӯштро ба фурӯш барорем» - гуфт, намояндаи яке аз ширкатҳое, ки собиқаи зиёди воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистонро дорад.

Дар ин дастури ҳукумат, ки нусхае аз он дар дасти Радиои Озодӣ низ ҳаст, омадааст, «бо мақсади таъмини амнияти санитарӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи паррандапарварӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва пешгирии ба берун баромадани асъори хориҷӣ» чораҳои қонунӣ андешанд ва воридоти тамоми намуди қимаи гӯштро ба ҷумҳурӣ манъ намоянд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, гӯшти яхкардае, ки онҳо аз Туркия ва Аврупо ба Тоҷикистон меовардаанд, солҳо боз ворид карда мешуд ва мутобиқ ба тамоми меъёрҳои муқарраркардаи кишвар аст.

“Туркия ҳоло яке аз фурӯшандагони асосии гӯшти ҳалол дар ҷаҳон аст ва ширкатҳояш сертификатҳои байналмилалӣ доранд. Мо солҳо аз онҷо маҳсулот меовардем ва ворид мекардем, вале баъди ин қарор дигар иҷоза надоданд, ҳарчанд тамоми ташхиси байторӣ ва Тоҷикстандарт нишон дод, ки маҳсулот сифати баланд дорад” - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Бо вуҷуди ин “Тоҷикстандарт” бо такя ба қарори ҳукумат сертификати сифатро ба моли воридкунандагони гӯшт надодааст ва Кумитаи гумрук ҳам гуфтааст, то замоне, ки сертификати сифат нагиранд, ҳақ надорад, ба гӯшти қимаи овардаи тоҷирон иҷозаи вуруд бидиҳад. Ҳамингуна аз моҳи январ садҳо тонна аз гӯшти қимаи воридотӣ дар анборҳои махсус нигаҳ дошта мешаванд.

Дар шарҳи ин қазия дар Идораи “Тоҷикстандарт” рӯзи 2-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воқеъ масъала вуҷуд дорад ва мумкин аст, ба тоҷироне, ки гӯшти қима овардаанд, сертификати сифат дода шавад.

“Аз ҳисоби вазорату идораҳо гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Мо дархости соҳибкорон гирифтаем ва тайи чанд рӯз аз рӯи пешниҳоди гурӯҳи корӣ ба онҳо сертификат дода мешавад” – гуфт, Мурод Ашӯров, намояндаи “Тоҷикистандарт” ба Радиои Озодӣ.

Аммо охири моҳи апрел мақомот дастур гирифтаанд, ки “маводи ҷамъшуда”-и ба талабот мувофиқро барои истеъмоли сарбозон бидиҳанд ва он маҳсулоти гӯштие, ки мумкин аст, “вайрон шуда бошад” ба Боғи ҳайвоноти Душанбе фиристода шавад.

Ҳоло маълум нест, маҳсулоте, ки сертификат мегирад, барои фурӯш бароварда мешавад ва ё ба ҳисоби давлат меравад. Ҳоло ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, Кумитаи гумрук санадеро барои имзо пешниҳод кардааст, ки дар он омадааст, “тоҷирон омодаанд бо хоҳиши худ, аз маҳсулоти овардаашон даст кашанд. Дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон ин қазияро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд.

Аммо масъалаи дигар ин аст, ки ба гуфтаи тоҷирон манъи воридоти гӯшти қима, роҳи овардани ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистонро нагирифтааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ширкати воридкунандаи гӯшт гуфт, азбаски корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб дар Тоҷикистон сахт ба гӯшти қима эҳтиёҷ доранд, аз ҳар ҷое, ки набошад, меёбанд.

Ҳоло тавлидкунандагони дохилӣ ба харидани гӯшти қимаи қочоқӣ аз Қирғизистон шурӯъ кардаанд.

“Ҳоло тавлидкунандагони дохилӣ ба харидани гӯшти қимаи қочоқӣ аз Қирғизистон шурӯъ кардаанд. Ҳоло баробари ҳамон маҳсулоте, ки мо қонунӣ ворид мекардем, ба Тоҷикистон гӯшти қимаи ғайриқонунӣ ворид мекунанд. Гӯшти қимаи қочоқӣ, ки ворид мешавад, маълум нест, аз куҷо меояд ва чӣ гуна сифат дорад“ -гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, агар мақомот ба воридоти гӯшти қимае, ки қабл аз дастури ҳукумат ба самти кишвар меомад, иҷоза медоданд, ба буҷаи давлат бештар аз 400 ҳазор доллар ворид мешуд.

Масъалаи дигар ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, зиён дидани даҳҳо ширкати воридкунандаи гӯшти қима ба Тоҷикистон аст, ҳадди аққал аз 10 то 20 коргар доранд ва мумкин аст, баъди ин муфлис шаванд. Тоҷикистон то соли гузашта аз хориҷ ҳазорон тонна гӯшти мурғ ва маҳсулоти гӯшти мурғӣ ворид мекард ва танҳо соли гузашта бештар аз 20 ҳазор тонна гӯшти мурғ шудааст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG