Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони тоҷик аз Батумӣ чӣ меоранд?


Марворид Насриддинзода низ дар олимпиада ширкат дошт.

Дар Олимпиадаи 43-юми ҷаҳонии шоҳмот, ки 5-уми октябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон ба поён расид, дар байни 150 даста тими занонаи Тоҷикистон ҷойи 71-ум ва тими мардонаи кишвар ҷойи 72-юмро соҳиб шуданд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутрибаи Илҳом, Сабрина Абророва ва Лидия Антонова (капитан Саодат Одинаева) ва ба ҳайати дастаи мардонаи Тоҷикистон Фаррух Амонатов, бародарон Муҳаммад ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо, Амин Қобилов ва Алишер Каримов (капитан Ҷамшед Исоев) дохил буданд.

Баъди натиҷагирии 11 даври мусобиқот дар сабқати занон тими Чин бо 18 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Украина низ 18 имтиёз гирифт ва аз рӯи нишондодҳои иловагӣ ҷойи дуюмро азони худ кард. Бояд гуфт, ки занони шатранҷбози Чину Украина ба ягон даста мағлуб нашуданд. Онҳо дар 7 бозӣ пирӯз шуда, чор бозиро дуранг карданд. Тими Гурҷистон-1 бо 17 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт. Тими Русия бо 16 имтиёз чорум шуд. Дар байни даҳ дастаи пешсаф, инчунин Маҷористон, Арманистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Гурҷистон-2 ва Озарбойҷон бо 16-имтиёзӣ ҷойгир шуданд.

Тими занонаи Тоҷикистон бо 11 имтиёз дар байни 150 даста ҷойи 71-умро касб намуд. Занони шатранҷбози тоҷик дар панҷ бозӣ бар тимҳои Непал (4-0), Ямайка (4-0), Африқои Ҷанубӣ (2,5-1,5), Уругвай (4-0) ва Парагвай (3-1) ғолиб омада, як бозиро бо тими Швейтсария мусовӣ (2-2) карданд ва дар панҷ бозӣ аз тимҳои Чин (1,5-3,5), Канада (1-3), Малайзия (1-3), Австрия (0,5-3,5) ва Тайланд (1-3) мағлуб шуданд.

Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (16 имтиёз, ҷойи 11-ум), Узбекистон (15 имтиёз, ҷойи 17-ум), Қирғизистон (13 имтиёз, ҷойи 48-ум) ва Туркманистон (12 имтиёз, ҷойи 50-ум) қарор гирифт.

Дар ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Сабрина Абророва 6,5 имтиёз (11 бозӣ), Надежда Антонова 6 имтиёз (11 бозӣ), Мутриба Ҳотамӣ 6 имтиёз (10 бозӣ) ва Марворид Насриддинзода 5 имтиёз (11 бозӣ) ба даст оварданд. Вале Лидия Антонова, ки ҳамагӣ 1 бозӣ кардааст, имтиёз нагирифт.

Дар сабқати мардон баъди натиҷагирии 11 даври мусобиқот тими Чин бо 18 имтиёз ғолиб шуд. Дастаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия низ 18-имтиёзӣ гирифтанд ва аз рӯи нишондодҳои иловагӣ мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Ҳарсе дастаи пешсаф 8 ғалаба карда, 2 бозиро мусовӣ анҷом додаанд ва дар як бозӣ мағлуб шудаанд. Лаҳистон бо 17 имтиёз ҷойи чорумро касб намуд. Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Инглистон бо 17 имтиёз, Ҳиндустон, Ветнам, Арманистон, Фаронса ва Украина бо 16-имтиёзӣ ҷойгир шуданд.

Тими мардонаи Тоҷикистон бо 12 имтиёз дар байни 150 даста зинаи 72-юмро ишғол намуд. Мардони шатранҷбози тоҷик дар шаш бозӣ бар тимҳои Лесото (4-0), Тайланд (3-1), Қатар (3,5-1,5), Умон (3,5-0,5), Тайбейи Чин (3-1) ва Ироқ (3-1) ғолиб омада, дар панҷ бозӣ аз тимҳои Ҷумҳурии Чех (1-3), Нидерланд (0-4), Қазоқистон (1,5-2,5), Исландия (1,5-2,5) ва Беларус (1-3) шикаст хӯрданд.

Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (15 имтиёз, ҷойи 16-ум), Қазоқистон (15 имтиёз, ҷойи 21-ум), Туркманистон (13 имтиёз, ҷойи 50-ум) ва пеш аз Қирғизистон (12 имтиёз, ҷойи 75-ум) қарор гирифт.

Гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов дар 8 бозӣ 6 имтиёз ба даст овард. Шатранҷбозони дигари тоҷик ҳар кадом 9 бозӣ анҷом доданд. Алишер Каримов 6 имтиёз, Амин Қобилов 5,5 имтиёз, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев 4,5 имтиёз ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев 3 имтиёз гирифтанд.

Олимпиадаи ҷаҳониро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст. Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот соли 2020 дар шаҳри Юграи Ханти-Мансийски Русия барпо мегардад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG