Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 голи Тоҷикистон ба дарвозаи Бутан


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувумаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё тими Бутанро бо ҳисоби бузурги 12:0 шикаст дод.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “А” шаби 23-юми сентябр дар Кувайт баргузор шуд. Собирҷон Гулаков чор гол, Рустам Толибов се гол, Муҳаммадҷони Ҳасан ду гол, Ҳокимҷон Ҳасанов, Худойдод Узоқов ва Ҳиматулло Муллодӯстов якголӣ заданд.


Бутан - Тоҷикистон - 0:12
Голҳо: Хокимҷон Ҳасанов, 13 (0:1). Муҳаммадҷони Ҳасан, 19 (0:2). Рустам Толибов, 20 (0:3). Муҳаммадҷони Ҳасан, 27 (0:4). Рустам Толибов, 49 (0:5). Худойдод Узоқов, 60 (0:6). Рустам Толибов, 61 (0:7). Собирҷон Гулаков, 66 (0:8). Собирҷон Гулаков, 67 (0:9). Собирҷон Гулаков, 69 (0:10). Ҳиматулло Муллодӯстов, 76 (0:11). Собирҷон Гулаков, 89 (0:12).

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дувум чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов, Фирӯз Ризомов, Сироҷиддин Гулмуродов, Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (Ҷамшед Махсумов, 63), Сӯҳроб Муъминов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҳиматулло Муллодӯстов, 68), Рустам Толибов (Собирҷон Гулаков, 63).

Лубнон - Кувайт - 1:5
Голҳо: Холид, 5 (0:1). Ҳикмат Зайн, 6 (1:1). Холид, 16 (1:2). Салом, 43 (1:3). Абдулазиз, 66 (1:4). Абдулазиз, 90+1 (1:5).

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё бо тими Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Ҳисобро Кароматулло Саидов, узви мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-ум боз кард. Вале дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 57-ум, бозигари ҳинду Просенҷит Чакрабортӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.


Дар ҷадвали мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 13-1) дар ҷойи аввал мебошад. Дастаҳои Кувайт ва Лубнон бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Мунтахаби Ҳиндустон бо 1 имтиёз дар ҷойи чорум аст. Тими Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум мебошад.
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи “А” боз бо дастаҳои Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад.


Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
25 сентябр (чоршанбе)
18.50 – Кувайт – Бутан
22.50 Ҳиндустон- Лубнон
Даври 4-ум
27 сентябр (ҷумъа)
18.50 Ҳиндустон – Бутан
20.50 – Тоҷикистон – Кувайт
Даври 5-ум
29 сентябр (якшанбе)
18.50 – Лубнон – Тоҷикистон
20.50 – Кувайт – Ҳиндустон
Эзоҳ: замони оғози бозӣ - ба вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG