Пайвандҳои дастрасӣ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар нахустин қувваозмоияш дар мавсими нав дар мусобиқаи дастаии силсилаи ҷаҳонии бокс (WSB) пирӯз шуд.

Анвар Юнусов, қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ҳайати дастаи муштзанҳои ҳирфаӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ринои иёлати Невадаи ИМА ҳунарнамоӣ кард, дар рақобатҳо дар вазни то 61 кг бар муштзани Италия Доменико Валентино ғолиб омад.


Баъди хотимаи рақобат, ки аз панҷ раунд иборат буд, ҳарсе довар бо ҳисобҳои 48:47, 49:46, 48:47 муштзани тоҷикро пирӯз донистанд.


Бояд гуфт, ки Анвар Юнусов дар мусобиқоти WSB аз соли 2011-ум ширкат мекунад. Вай мавсими гузашта дар ҳайати дастаи “Динамо”-и Маскави Русия дар рақобатҳо дар вазни то 54 кг 5 қувваозмоӣ карда, дар чаҳортоаш ғолиб омадааст ва дар яктоаш мағлуб гаштааст.


Дар мавсими нав бошад, ӯ дар ҳайати дастаи муштзанҳои ҳирфаӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вазни то 61 кг ҳунарнамоӣ карда, дар ду қувваозмоии пешин шикаст хӯрдааст.


Аз ин пеш Анвар Юнусов моҳи ноябри соли 2012-ум дар пойтахти Қазоқистон дар рақобатҳо дар вазни сабук аз муштзани қазоқ Самат Башенов ва моҳи январи соли равон аз муштзани Филиппин Чарлӣ Суарес мағлуб гашта буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG