Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 7 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Алматӣ ширкат хоҳанд кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи Гусман Косанов, нахустин барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ аз Қазоқистон, рӯзҳои 30-юми июн ва 1-уми июл дар шаҳри Алматӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 7 нафар шомиланд: Владислава Овчаренко (давидан ба масофаҳои 100, 200 метр), Кристина Пронженко (ҷаҳидан ба дарозӣ), Александр Пронженко (110 м бо монеъаҳо), Далерҷони Ҳайдар (400, 800 метр), Хисрави Иқболшо (1500, 5000 метр), Фарҳод Қуралов (800 м) ва Қиёмиддин Алиназарзода (100 м).

Ин мусобиқа барои Владислава Овчаренкои душанбегӣ, ки ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012 мушарраф шудааст, санҷишест пеш аз Бозиҳои олимпӣ.

Вай ахиран дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон масофаи 100 метрро дар муддати 11,91 сония ва масофаи 200 метрро дар зарфи 24 сония тай карда, рекорди нави Тоҷикистонро гузоштааст.

Владислава Овчаренко дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқа ба хотираи Гусман Косанов бисёр варзишгарони ҳирфаӣ ширкат хоҳанд кард ва
ба даст овардани ҷоиза бисёр мушкил хоҳад буд. Бинобар ин мақсаде, ки дар пеши худ гузоштаам, ин ҳадди ақал беҳтар кардани натиҷаҳои варзишии худам аст».

Владислава афзуд, дар Тоҷикистон варзишгарони ояндадор дар риштаи варзиши сабук ҳастанд, вале онҳо дастгирӣ карда намешаванд. Худи ӯ бо вуҷуди ба даст овардани чунин натиҷаҳои баланди варзишӣ аз ягон ҷониб кӯмаки молӣ намебинад ва то ҳол сарпарасте надорад. Вай иброз дошт, ҳатто хонаи либосивазкуниро, ки мо дар он ҷо ҳамроҳаш сӯҳбат доштем, ӯ ва дигар варзишгарон бо пули худашон таъмир кардаанд.

Рустам Абдуллоев, мураббии Владислава мегӯяд, квотае, ки Федератсияи байналмилалии варзиши сабук барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон ба ӯ дод, осон ва муфт ба даст наомадааст, балки Власдислва бо талошҳои зиёд ва натиҷаҳои хуби варзишӣ ба он сазовор гаштааст:

- Натиҷаҳое, ки Владислава нишон дод, дар таърихи 28 соли ахири Тоҷикистон назир надорад. Мо дар ,бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон ҳадди ақал умед дорем, ки Владислава рекорди Тоҷикистонро дар давидан боз ҳам беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG