Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Язғулом мегӯянд, хуми сангии чандҳазорсола ёфтанд. ВИДЕО


Санг зоҳиран нақши хумро иҷро мекардааст.

Сокинони як деҳаи ҷамоати Язғулом дар ноҳияи дурдасти Ванҷ санги азими ғайриоддиро пайдо кардаанд ва аз бостоншиносон мехоҳанд, онро биёмӯзанд ва асрорашро ошкор кунанд.

Яке аз сокинони деҳаи Мотравн, ки санг онҷо пайдо шудааст, видеоеро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он санги азиме дида мешавад, ки дар “дилаш хуме кандаанд.” Мулкамун Раҳмонов, сокини деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки паҳнии хуми кандашуда дар санг тақрибан 50 ва чуқурияш бештар аз 70 сантиметр аст. Ба қавли ӯ, санг солҳои зиёд дар як баландии деҳа зери хок хобида буд ва имсол дар натиҷаи борону барфи зиёд, хоки атрофаш шуста шуда поён хамид ва санг намудор гашт.

Дар видео Мерҷон Мерҷонов, омӯзгори фанни таърих бо тасвири хосиятҳои санг мегӯяд, мумкин аст, ки он аз асри санг монда бошад. Ӯ меафзояд: Санг гирд тарошида шудааст ва мутобиқ ба нишондодҳои таърихӣ марбут ба қарни 5 ва 6 пеш аз милод аст. Омӯзгорони фанни таърих ба хулосае омаданд, мувофиқи илми бостоншиносӣ, ки инҷо дар асри санг одамон сукунат ва зиндагӣ доштанд.“

Сокинони Язғулом мегӯянд, хуми сангии чандҳазорсола ёфтанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Омӯзгори таърих ҳадс мезанад, ки мумкин аст, санг дар назди хонае ҷойгир будааст ва онро ҳамчун хум истифода мебурданд. Ба қавли Мерҷон Мерҷонов: “Дар он меваҳои хушк ба мисли тут ва зардолуро андохта, сари онро маҳкам мекарданд.” Айни замон Мерҷон Мерҷонов дар ин видео аз бостоншиносони Фарҳангистони улум дархост мекунад, ки ба Язғулом биёянд ва ин сангу ҷойи онро таҳқиқ кунанд, чун шабеҳи он сангҳои дигар низ ҳангоми сохтани нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Мотравн пайдо шудаанд.

Чанде пештар аз ин сокинони яке аз деҳоти ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳангоми кандани хандақ се хуми бузурги боқимонда аз аҳди бостонро пайдо кардаанд. Хумҳои гуногунро, ки аз як метр бузургтаранд, дар гӯристони Обкӯҳи деҳаи Тудабоён рӯзи 9-уми июн ёфтаанд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG