Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: Афғонистонро "баҳори хунин" дар пеш аст


Коршиносон мегӯянд, ки Афғонистонро “баҳори хунин” дар пеш аст ва кишварҳои минтақа бояд аз ҳоло чораҳои заруриро рӯи даст бигиранд.

Вазъи ояндаи Афғонистон сар аз баҳори оянда хатарнок пешбинӣ мешавад ва коршиносон таъкид мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Миёна бояд ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ бигиранд.

Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси маъруфи тоҷик рӯзи 25-уми декабр зимни нишасти “Масъалаҳои таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба таҳдиду хатарҳои нав”, ки дар Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бо ҳузури коршиносон ва сафири Русия дар Тоҷикистон доир шуд, таъкид кард, ки пешбинӣ мешавад Афғонистонро як “баҳори хунин” дар пеш бошад.

Арзёбии нигаронкунанда аз вазъи ояндаи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Қосимшоҳ Искандаров, ки ба наздикӣ аз сафари Афғонистон баргаштааст, гуфт, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин авохир ҳузури худро дар он кишвар, ба вижа қисматҳои шарқии Афғонистон густариш дода ва гурӯҳи Толибон дар муқоиса бо гузашта, ҳоло нерӯмандтар вориди майдон шудаанд. Ин аст, ки оқои Искандаров мегӯяд, дар ояндаҳои наздик дар Афғонистон барқарории сулҳ номумкин аст.

Қосимшоҳ Искандаров аз ҷумла ишора кард, ки дар ҳоли ҳозир 70 дарсади мактабҳои Кундуз – вилояти ҳамҷавор бо Хатлони Тоҷикистон, зери назорати Толибон ва “Давлати исломӣ қарор доранд, ҳарчанд ин мактабҳо аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд.

Ба таъкиди ин коршиноси тоҷик, аз сӯи дигар мардум ба ҳукумат чандон бовар надоранд, зеро ҳукумати ваҳдати миллӣ бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба тааҳҳудоти худ, аз ҷумла дар амри мубориза бо фасодро амал накарданд ва ҳоло ин кишвар дар шохисҳои ҷаҳонӣ, дар раддаҳои поёнӣ қарор дорад. Бекорӣ ва фақр мардумро водор кардааст, ки ба гурӯҳҳои тундрав бипайванданд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, мардум ва ҳукумат дар Афғонистон ба талошҳои Покистон барои азсаргирии музокироти сулҳ аз сӯи Покистон чандон бовар надоранд.

XS
SM
MD
LG