Пайвандҳои дастрасӣ

Мусофиркашии Бобои барфӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Дар остонаи Соли нав, бобоҳои барфиро на танҳо дар гирди арчаҳои ороста, балки дар дохили мусофирбарҳои Душанбе ҳам дидан мумкин аст, ки бо сарулибоси худ барои мусофирон муҳити идонаро фароҳам мекунанд.

Сафаралӣ Қиличев, чаҳор рӯз аст ҳар субҳ бо либоси Бобои барфӣ аз хона берун мешавад. Бо ин либос ӯ сари чанбари мошинаш мешинаду ба мусофиркашӣ шурӯъ мекунад. Вай ронандаи автобуси шумораи 7-и

Вақте як кудак дохили мусофиркаш мешавад ва Бобои барфиро мебинад, хоҳу нохоҳ хурсанд мешавад. Чунки ҳар кӯдак орзуи дидани бобои барфӣ ва гирифтани тухфа аз ӯро дорад

Душанбе аст: “Худам хостам, ки ҳамин хел либос пӯшам. Хостам, мусофироне, ки ман мебарам, каме ҳам бошад, хурсанд шаванд, кӯдаконе, ки дар орзуи дидани Бобои барфӣ ҳастанд, бо дидани ман ин орзуяшон амалӣ шавад”.

Бобои барфии ронандаро мусофирон хуш истиқбол мекунанд. Мегӯянд, на танҳо мусофирон, балки роҳгузарҳо ҳам ӯро дар кӯча дида, ба сӯяш дастафшонӣ мекунанд.

Симои Бобои барфии ронанда махсусан ба кудакон хуш омадааст. Зеро мақомоти муассисаи нақлиёти мусофиркашонӣ ба ронандаҳои Бобои барфӣ тӯҳфа ихтисос додааст, то кудакони мусофир шеърҳои соли навӣ хонда аз дасти Бобои барфӣ туҳфа бигиранд. Мисли Сафаралӣ ҳоло дар ҳар хатсайр аз чаҳор то шаш ронанда бо либосҳои Бобои барфӣ мусофир мекашонанд ва бо ин иқдомашон фазои идонаро барои сокинон фароҳам мекунанд.

Мақомоти муассисаи нақлиёти мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе дар зимн барои истиқболи бошукуҳтари соли нави мелодӣ, ба ронандаҳои хоҳишманд либоси Бобои барфӣ ва туҳфаҳо барои кудакони мусофир пешниҳод кардааст. Маҳз ин тасмим боиси ҷалби бештари мусофирони ронандаҳои Бобои барфӣ шудааст.

Мирхӯҷа Халилов донишҷӯ аст ва чаҳор рӯзи ахир тавассути мусофиркашҳое ба дарс меравад, ки ронандааш Бобои барфӣ аст. Ӯ мегӯяд, замони кӯдакӣ ҳамеша орзу дошт Бобои барфиро аз наздик бубинад, аммо ин имконро надошт, чун дар деҳа бузург шудааст ва Бобои барфиро танҳо дар телевизон медид. Ҳоло Мирхуҷа бо дидани Бобои барфии ҳақиқӣ орзуи кӯдакияшро амалӣ мекунад. Вай бо ҳазл гуфт: “Агар ин бобоҳо боз барои мо донишҷуён ройгон хизмат мекарданд, хуб мешуд” .

Мусофиркашии Бобои барфӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Аммо ба фарқ аз Мирхӯҷа, ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ Зарафшон Муҳиддинова гуфт, ӯро ороиши мусофирбарҳое, ки ронандаҳояш Бобои барфӣ ҳастанд, хушҳол мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд шукуҳи солинавиро замони кӯдакияш хуб ёд дорад, аммо дар чанд соли ахир чунин фазои солинавӣ зиёд мушоҳида намешуд. “Вақте як кудак дохили мусофиркаш мешавад ва Бобои барфиро мебинад, хоҳу нохоҳ хурсанд мешавад. Чунки ҳар кӯдак орзуи дидани бобои барфӣ ва гирифтани тухфа аз ӯро дорад”.

Зимнан аксари Бобои барфиҳо, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекарданд, аз он хушҳол буданд, ки имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ аз сӯи бархе ҷавонон, ки баробари дидани онҳо бо ин либос дашному таҳқир мешуниданд, мушоҳида намешавад.

Ҳарчанд бобоҳои барфии ронанда ҳадафи ба бар кардани ин либосро хушҳолии мусофирон ва бештар кардани шаҳомати соли нави медодӣ унвон мекунанд, аммо дар ин шабу рӯз даҳҳо бобоҳои барфӣ дар пойтахт чарх мезананд, ки бо роҳи бахшидани шодӣ ба сокинон барои худ ҳам пул кор мекунанд.

Онҳое, ки дар ин рӯзҳо нақши Бобои барфиро иҷро мекунанд, мегӯянд, даромади асосиро аз аксбардорӣ бо кӯдакон ба даст меоранд. Ҳамчунин сокинон аз хизматрасонии Бобоҳои барфӣ барои хушҳол кардани кӯдакону наздикони беморашон дар маҳфилҳо ва бемористонҳо истифода мекунанд.

Ҳоло дар баробари бобоҳои барфии “хиёбонӣ” ҳамчунин ширкатҳои арзакунандаи хадамоти тафреҳӣ ҳам зиёд шудаанд, ки барои ташкили маъракаи хурсандии сокинон ва бо маблағҳои зиёд даъват мешаванд ва барномаи табрикотӣ анҷом медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG