Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия ба Тоҷикистон расид


​Дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия имрӯз, 23 май, барои бозӣ муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия, ки рӯзи шанбеи 23 май барои бозӣ муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври ҳатякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 ба Душанбе омад, дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас» қарор гирифтааст. Ба ҳайати даста дар бозӣ бо “Истиқлол” 18 футболбоз шомил аст.

Ёдовар мешавем, бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Ваҳда»сешанбеи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Нархи билети ин бозӣ 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо ин билет мухлисон, инчунин, дар бозии лотерея, ки бурди аслиаш мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla» мебошад, иштирок мекунанд.

Ҳайати «Ал-Ваҳда» дар бозӣ бо «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Тоҳа Мӯсо, Муҳанад Ал-Хайрӣ.

Ҳимоятгарон: Алӣ Диаб, Раслан Ал-Курдӣ, Муҳаммад Алӣ Раммол, Муҳаммад Катая, Абдулқодир Дакка.

Нимҳимоятгарон: Усома Умарӣ, Муҳаммад Бош Буйук, Абдулманнон Иброҳим, Муҳаммад Алӣ, Тоҳир Крума, Нозим Ал-Маймид, Маҳмуд Кҳадуҷ.

Ҳимлагарон: Аҳмад Ал-Каддур, Маҷид Ал-Ҳаҷ, Муҳаммад Ҳамдку, Муҳаммад Шариф.

Сармураббӣ: Рафоат Муҳаммад.

Доварони бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Ваҳда”-и Сурия аз Ҷопон мебошанд.

Довари ФИФА Иида Юмпейи 34-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Вай, ки аз соли 2011 довари ФИФА мебошад, 57 бозии байналмилалиро ҳакамӣ кардааст. Ӯ соли 2012 дар сабқати ниҳоии Ҷоми президенти AFC дар Душанбе сардовари бозии байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Дордой”-и Қирғизистон (2:0) буд.

Отсука Ҳаруҳиро ва Шинҷи Оши, ҳамватанони Иида Юмпей, ки ҳарду 40-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Илгиз Танташеви узбакистонӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ба ҷуз бозии “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Ваҳда”-и Сурия, дар бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 26-27 май дастаҳои «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия), «Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт), «Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг), «Ал-Шорта» (Ироқ) – «Кувайт» (Кувайт) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар) бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳо танҳо як бозӣ анҷом медиҳанд.

1/8 финал

26 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия)

«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

27 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун)

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

«Ал-Шорта» (Ироқ) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар)

XS
SM
MD
LG