Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, "дар ояндаи наздик аз ҳисоби масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ" насб шавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе, ҳадаф аз ин иқдом "пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон" маҳсуб мешавад.
Зимнан, дар чанд соли ахир теъдоди маъмурони пулис, ки дар наздики дарвозаҳои масҷидҳои шаҳри Душанбе меистанд, бештар шуда ва ин амр ҳамчун як тадбир барои таъмини амнияти намозгузорон талақӣ мешуд.
Ҳамчунин, маъмурони пулис аз вуруди ҷавонони то 18-сола ба масҷид барои адои намоз ҷилавгирӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 29 март ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дастури насби дурбинҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои фулузӣ танҳо дар масҷидҳои шаҳри Душанбе марбут аст.
Ӯ дар иртибот ба анҷоми ин кор аз ҳисоби масоҷид гуфт, масҷидҳо, бахусус, масҷидҳои ҷомеъ Фонди хайрия дошта ва бо истифода аз маболиғи он метавонанд дурбину дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои фулузиро насб кунанд.
Дар масҷидҳои панҷвақта имкон дорад аз ҳисоби кумакҳои молии намозгузорон ин мушкил ҳал шавад.