Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Сургут--Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дод


Бино бар хабари расонаҳои Русия ва нишондоди харитаи парвозҳо ҳавопаймои ширкати «ЮТэйр», ки аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, бо мушкил рӯбарӯ гашт ва пас аз қариб се соати чархиш дар ҳаво дар фурудгоҳи байнулмилалии Сургут нишаст.

Мақомоти фурудгоҳи Сургут мегӯянд, нишасти фавқулодаи ҳавопаймои "Боинг 737"-и ширкати «ЮТэйр», ки аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, бе ягон ҳодисаи ногаҳонӣ анҷом ёфт ва ҳамаи 136 мусофир ва 6 узви экипажи ҳавопаймо саломатанд.

Намояндаи фурудгоҳи Сургут ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои парвози мусофирон ба шаҳри Хуҷанд ҳавопаймои дигар омода карда шуд. Ин ҳавопаймо соати яки шаб ба вақти Маскав парвоз хоҳад кард. Вай афзуд, мусофирон бо ҷойи истироҳат ва ғизои гарм таъмин карда шуданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймои хатсайри Сургут-Хуҷанд таъхир кардааст. Навбатдори фурудгоҳи Хуҷанд гуфт, ин мушкил дар худи Русия пайдо шудааст ва ба онҳо бастагӣ надорад. Ҳамсуҳбати мо дар Фурудгоҳ гуфт, қарор аст мусофирони хатсайри Сургут-Хуҷанд субҳи 26 май ба Хуҷанд расанд.

Ҳавопаймои ширкати «ЮТэйр» рӯзи 25 май дар соати 16:45 ба вақти Маскав аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз кард, аммо пас аз чанд лаҳза дархости бозгашт намуд ва наздик ба се соат бар фарози Сургут чархид, то сӯзишворияшро тамом карда, дар фурудгоҳи ин шаҳр нишинад. Чархидани ҳавопайморо дар фазо ҳамчунин харитаи зиндаи парвозҳо -- Flightradar24.com низ нишон медод. Ҳавопаймо соати 19:40 ба вақти Маскав фуруд омад.

Гуфта мешавад бахши асосии сарнишинони ҳавопайморо муҳоҷирони кории тоҷик ташкил медиҳанд.

Намояндаи хадамоти матбуотии ширкати «ЮТэйр» ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, пас аз парвоз дар дасгоҳи идораи ҳавопаймо, ки вазъи фармонро нигоҳ медорад, мушкил пайдо шуд. Аммо гуфта намешавад, агар мушкил дар канали истифодаи дақиқи рул ё фармони ҳавопаймо буд, он ҳангоми нишасти изтирорӣ душворие пеш овард ё не. Вале бино бар хабарҳои гузашта чунин мушкили ҳавопаймои "Боинг 737" қаблан низ ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла фалокати ин ҳавопаймо дар Адис-Абеба (10 марти 2019) ва Индунезӣ (29 октбяри 2018) ба ҳамин иллат рух додааст.

18 майи соли равон парвози ҳавопаймои ширкати «ЮТэйр» дар масири Сургут-Сочӣ бо сабаби кашф шудани камбудии фаннӣ дар кори ҳавопаймо ба таъхир афтод. Расонаҳои Русия мегӯянд, ба ин сабаб ҳавопаймои "Боинг 737" канор гузошта шуда, парвози мазкур бо ҳавопаймои дигар анҷом дода шуд. Гуфта мешуд, он вақт пас аз чанд дақиқаи оғози парвоз дар дохили ҳавопаймо бӯйи сӯхтани чизе паҳн гашт ва пилотҳо тасмим гирифтанд, ба фурудгоҳи Сургут баргарданд.

Пеш аз ин, 22 январи соли равон мусофири 41-солаи парвози Сургут — Маскав Павле Шаповалов ба пилотҳо таҳдид кард, ки ҳавпайморо ба самти Афғонистон гардонанд. Он гоҳ низ нишасти изтирорӣ анҷом дода шуд ва Шаповалов боздошт гардид. 16 майи соли равон Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Шаповалов барои табобати маҷбурӣ ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол дода шудааст.

Навори нави видеоӣ дар бораи парвози Сургут -- Хуҷанд:

XS
SM
MD
LG