Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадзода пахтаи фаровон, корхонаҳои фаъол ва ҷойҳои корӣ ваъда кард


Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд дар нахустин нишасти хабариаш рӯзи 6-уми феврал дар Хуҷанд гуфт, кишти пахтаро зиёд, корхонаҳои бузурги саноатии аз кор бозмондаро фаъол ва мардумро ба кор ҷалб хоҳад кард.

Ӯ гуфт, соли гузашта 75 корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз кор монда, 139 корхонаи дигар назар ба соле қабл кам маҳсулот истеҳсол кардааст. Вилояти Суғд 593 корхонаи саноатӣ дорад, ки бузургтарини онҳо ба истихроҷи маъдан ва тавлиду коркарди нахи пахта ихтисос доранд. 379 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта бо иқтидори тавлидотии бештар назар ба соле пеш кор кардаанд.

Ё фаъол мешаванд ё соҳиби нав пайдо мекунанд

Ҷаноби Аҳмадзода аз “тақдир”и корхонаҳои бузурге сӯҳбат кард, ки иқтидори бузурги тавлидотӣ ва ба кор ҷалб кардани садҳо коргар доранд, вале моликони худиву хориҷии онҳо солҳо боз барои фаъол кардани корхонаи худ талош намекунанд.

Ӯ гуфт: "Имрӯз ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст, ки бо соҳибмулкони ин гуна корхонаҳо ҷиҳати фаъол кардани ин корхонаҳо дар доираи қонун кор барем. Агар ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд, сармоягузорон ва корчаллонҳои дигар ҳастанд, ки омодаанд он корхонаҳоро соҳиб шаванд ва ба кор дароранд."

Барои бори аввал як мақоми аввали ҳукумат дар вилояти Суғд дар бораи сарнавишти корхонаҳои саноатии ғайрифаъол ин гуна тасмим мегирад ва баён медорад, дар сурати ба фаъолият оғоз накардани онҳо, он корхонаҳо бо роҳи қонунӣ соҳиби дигар пайдо хоҳанд кард.

Мутахассисон сабаби аз кор бозистодани теъдоде аз корхонаҳои саноатии Суғд, мисли “Ҷавонӣ” ва “Сatn”-ро умдатан ба кӯҳнагии технология, дастрас набудани маводи хом ва норасоии маблағ бастагӣ медиҳанд.

Солҳои сол бекор истодани даҳҳо корхонаҳои хурду бузург дар шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки қисмати умдаи сокинони қобили меҳнат ҷойи кор надоранд ва ҳазорон нафар дар ҷустуҷӯи кор ҳамасола ба Русия мераванд.

Заминҳои пахта зиёд карда хоҳад шуд

Бино ба омори расмӣ, беш аз 75 дарсади моли содиршаванда аз вилояти Суғд хокаи маъданҳо аст. Дар вилояти солона ҳудуди 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ ва танҳо 8-10 дарсади он дар Тоҷикистон мавриди коркард қарор мегирад. Миқдори боқимонда ба шакли нахи пахта ба Русияву Аврупо содир карда мешавад.

Раҷабой Аҳмадзода гуфт, имсол заминҳои кишти пахта 5 ҳазор гектар зиёд ва ба 55 ҳазор гектар расонида хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, ин кор ба хотири таъмини корхонаҳои худии коркарди нахи пахта бо маводи хоми худӣ роҳандозӣ мешавад.

Вале дар ҳоле, ки пахта арзону нуриҳои минералӣ, сӯзишвориву равғани молиданӣ ва кирои техника қимат ва дарсадиҳои қарзҳои бонкӣ баланд аст, мақомот деҳқонони пахтакорро чӣ гуна ба заминкорӣ дилгарм хоҳанд кард?

Замин ба шаҳру ноҳияҳои Суғд ҷиҳати таъсиси минтақаҳои саноатӣ

Иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд гуфт, ба раисони 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур додааст, ки ҷиҳати таъсиси минтақаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нав, 100-200 гектарӣ замин ҷудо кунанд. "Мо тамоми коммуникатсияи он заминҳоро фароҳам мекунем, хати барқ, об мекашем. То ки соҳибкорон биёянд, корхонаҳо созанд ва мардумро бо ҷойи кор таъмин кунанд",- афзуд ӯ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG