Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостем беҳтар шавад, вале боз мисли пештара шуд"


Бинои Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов (акс аз бойгонӣ).
Бинои Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов (акс аз бойгонӣ).

Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, мақомот мехоҳанд мушкилоти молии театрҳоро бо ҷалби тамошобинони маҷбурӣ ҳал кунанд.

Донишҷӯён мегӯянд, ба театр ҷалб шудани онҳо ба як навъи «бизнес» табдил шудааст ва дар он зарурати рушди маънавию фарҳангии донишҷӯён шиорест, ки ҳирси молиро пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи донишҷӯён, дар ин додуситади маҷбурӣ муҳим харидани чипта аст, на рафтан ба театр.

Театрҳои Тоҷикистон тобеи Вазорати фарҳанги кишвар буда, ба сурати умум аз тарафи давлат сармоягузорӣ мешаванд. Аммо пуле, ки давлат ба театрҳо ҷудо мекунад, барои фаъолияти ҳирфаӣ ва маоши арзандаи ҳунармандон кофӣ нест. Шартномаи байни театрҳо ва баъзе муассисаҳои таълимии Тоҷикистон роҳест, ки, ба андешаи таҳиягаронаш, бояд мушкили молии ҳунармандонро то андозае ҳал кунад. Ин шева дар замони Шӯравӣ ба таври фаровон истифода мешуд, вале он замон ҳадаф воқеан ҳам боло бурдани фарҳанги мардум буд.

Абдукарими Раҷаб, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, раванди "фарҳангӣ" шудани ҷавонҳоро касе назорат намекунад ва аксар вақт чиптаҳо ба донишҷӯён маҷбуран «пешниҳод» мешаванд. Ба гуфтаи Абдукарим, ин кор дар аксар донишгоҳҳо ба назар мерасад.

Ӯ мегӯяд, чанде пеш бо ҳамкурсҳояш ба театри «Опера ва балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ рафта ва шоҳиди як ҳолати бисёр ногувор шудааст. Намоиш барои донишҷӯён бисёр дилгиркунанда буд ва ягон нафар дар толор нишастан намехост. Ба гумони Абдукарим, ин гуноҳи донишҷӯён набуд, балки театр натавонист намоиши хуберо пешкаш кунад:

«Бисёранд донишҷӯёне, ки пули билетро медиҳанду театр намераванд. Ман мушоҳида кардам, ки дар билет ду печат зада шуда буд. Дар болои як печат нархи билет 3 сомонӣ навишта шудаасту дар болои печати дигар 5 сомонӣ. Мо пурсуҷӯ карда, аниқ намудем, ки билетро донишҷӯён 5 сомонӣ харидаанд.»

​Меҳрангези Ислом, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ки бо забони русӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, боре ӯро низ маҷбуран ба театр бурдаанд. Азбаски намоишнома ба забони тоҷикӣ буд, Меҳрангез аз он чизе нафаҳмид. Меҳрангез мегӯяд, "шояд барои раҳбарияти театр зарур набуд, ки мо аз намоишнома чизе бифаҳмем. Шояд муҳим ин буд, ки мо танҳо билет бигирем ва толорро пур кунем." Меҳрангез меафзояд, "чиптаҳоро ба мо бо арзиши аз 5 -10 сомонӣ пешниҳод мекунанд ва намепурсанд, ки пул дорӣ ё не?"

Масъулони баъзе аз донишгоҳҳо мегӯянд, дар воқеъ миёни донишгоҳҳо ва театрҳо қарордоди ҳамкорӣ вуҷуд дорад, ки бар асоси онҳо донишҷӯён ба театр ҷалб мешаванд. Хуршед Холов, мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, аз соли 2009 инҷониб байни Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартнома баста шудааст, ки тибқи он бояд ҳар сол ҳудуди 4 000 донишҷӯ ба театр раванд. Ҳамчунин, ба таъкиди ҷаноби Холов, дар баробари ин донишҷӯёнро мунтазам ба театрҳои Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ низ дар асоси шартнома ҷалб мекунанд.

Вай афзуд: «Тибқи нақша- чорабинӣ мо донишҷӯёнро ба театр ҷалб мекунем. Ин яке аз самтҳои кори мо мебошад. Агар донишҷӯёнро ба ихтиёри худ гузорем, онҳо ба театр кам таваҷҷуҳ доранд.»

Масъулони театрҳо низ аз ҷалби «иҷборӣ»-и ҷавонон ба театрҳо истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ки ба ин васила сатҳи огаҳии фарҳангии мактаббачагону донишҷӯён бештар мешавад. Ҳотами Равшан, ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бар ин бовар аст, ки ҷалби донишҷӯён ба театрҳо як кори хайр аст.

Ба андешаи ӯ, агар донишҷӯён дар ду ё ҳадди ақал се моҳ як бор ба театр меомаданд, бисёр хуб мешуд. Ҳамчунин, вай пешниҳод дорад, ки агар ин амали хайрро дар барномаи дарсии донишомӯзон ҷой кунанд, аз ин ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ҳотами Равшан дар ин бора гуфт: «Агар ин кор шартномавӣ ҳам мешуд, бадие надошт. Шартнома байни корхонаҳо мешуд, боз беҳтар буд. Бояд мо аз кору бори ҳамдигар ҳамеша огоҳ бошем. Коре, ки барои рушди андешамандии мардум аст, ба манфиат асту бар зарар не».

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷавонон, театрҳо намоишномаҳои ҷолиб таҳия намекунанд, вагарна худи тамошобин аз пайи чипта мешавад ва эҳтимол театр обрӯи қаблиашро бозпас бигирад. Онҳо мегӯянд, дар эълонномаҳои аксари театрҳо исми намоишномаҳоеро мебинанд, ки моли классикҳои ҷаҳонӣ буда, батакрор дар театрҳои мухталиф таҳия шудаанд.

Дар ҳоле, ки театрҳои Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ буҳрони баъди суқути Иттиҳодро пушти сар кардаву ҳоло ба по рост шудаанд, театрҳои тоҷик ҳанӯз ҳам натавонистанд ба худ биёянд. Инҳо муассисаҳои фоидаовар нестанд ва ба сармоягузорони прогматик ниёз доранд. Вале то ҳол ҳеҷ сарватманди дохилӣ ва ё тоҷики хориҷӣ барои пул гузоштан дар ин соҳа таваккал накардааст.
XS
SM
MD
LG