ССКА «Помир»-и Душанбе баъди пирӯзӣ бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 дар қатори сегонаи ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷойгир мешавад.
ССКА “Помир” дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар майдони худ «Барқчӣ»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро легионери русиягӣ Игор Суров дар дақиқаи 15-уми дидор ба самар расонд.
Ин ғалаба ба ССКА «Помир» кафолат дод, ки даста камаш бо медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида мешавад. Дар ҳамин ҳол ССКА “Помир” бо 33 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи дувум қарор дорад ва аз рақиби аслиаш – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд – шаш имтиёз бештар гирифтааст. Вале хуҷандиҳо нисбат ба низомиён се бозӣ камтар анҷом додаанд.
Бошгоҳи футболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов хуб ҳунарнамоӣ мекунад. ССКА “Помир”танҳо дар ду бозӣ аз пешсафи ҷадвал ва муддаии ягонаи медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе – мағлуб гаштааст.
Се бозии боқимондаи даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Вахш», «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» ва «Панҷшер» – «Истиқлол» рӯзи якшанбе, 17-уми сентябр, баргузор мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум
ССКА «Помир» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 1:0
Гол: Игор Суров, 15.
Огоҳонида шуданд: Идибек Ҳабибуллоев, Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Игор Суров (ССКА «Помир»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
8 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошогар.
17 сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо - соати 16:00
«Ҳосилот» (Фархор) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ
«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе)
Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст: 1. “Истиқлол” – 39 имтиёз (15 бозӣ). 2. ССКА “Помир” – 33 имтиёз (19 бозӣ). 3. “Хуҷанд” – 27 имтиёз (16 бозӣ). 4. “Барқчӣ” – 20 имтиёз (17 бозӣ). 5. “Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз (18 бозӣ). 6. “Вахш” – 18 имтиёз (18 бозӣ). 7. “Панҷшер” – 16 имтиёз (18 бозӣ). 8. “Ҳосилот” – 15 имтиёз (17 бозӣ).
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дилшод Восиев («Истиқлол») – 8-тӯбӣ, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?