Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти «Равшан» аз “Ал Шорта”. Ин бор бо ҳисоби 1:3


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон, аз тими меҳмон - “Ал- Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.


Ин бозии даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё-2013 дар гурӯҳи “D” рӯзи сешанбе, 30-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо ҳузури 1700 тамошогар баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳоро футболбозони “Ал Шорта” – Муҳаммад Алвакид дар дақиқаи 14-ум ва Аҳмад Калласӣ дар дақиқаи 27-ум ба ҳадаф расонданд. Як голи “Равшан”-ро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 41-ум зад. Тӯби севуми меҳмононро Аммар Закоур дар нимаи дувум, дар дақиқаи 58-ум ба дарвозаи “Равшан” ворид кард.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим



Бозии дигари ин гурӯҳ шоми сешанбе миёни дастаҳои “Ал Қудсия”-и Кувайт ва “Ал Рамза”-и Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Тими “Ал Шорта” бо 12 имтиёз дувум шуд. Дастаи “Ал Рамза” бо 10 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Вале дастаи “Равшан”, ки ҳамаи 6 бозиро бохт, бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, дар даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳӣ, ки рӯзи 1-уми май баргузор мешавад, дар Баҳрайн бо тими “Ал Риффа” рақобат хоҳад кард.
Ин бозии гурӯҳи “А”дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Баҳрайн – Манама баргузор мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Сафо”-и Лубнон бо тими меҳмон - “Кувайт”-и Кувайт вориди рақобат хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври дувум рӯзи 12-уми март дар Хуҷанд аз тими “Ал-Риффа” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо”бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-15) дар ҷойи охирин – 4-ум мебошад.
XS
SM
MD
LG