Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Қулов: "Мехоҳем ё на, Русия дар СПАД нақши фармондеҳиро дорад"


Нерӯҳои 5 кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди хоки Қирғизистон шудаанд, то як ҷо бо ин кишвар дар размоишҳои муштарак ширкат ҷӯянд.

Мақомоти низомии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 29 июл дар размоишҳои зери номи “Нерушимое Братство-2014” нерӯҳои шаш кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Ала Тоо дар наздикии Бишкек ширкат мекунанд. Размоишҳо 1 август ба поён мерасад.

Размоишҳои мазкур 11 рӯз пас аз машқҳо ё размоишҳои низомии минтақаи Челябинск баргузор мешавад. Дар он нерӯҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар мусоҳибае аз генерал Феликс Қулов-коршиноси умури низомӣ дар Бишкек пурсидам, магар ин размоишҳо зери султаи Русия баргузор намешавад ва оё имкон надорад, ки Русия дар шароити пеш омадани зарурат ин нерӯҳоро дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷое ба нафъи худ истифода кунад?

Қулов: Ба назари ман ба ҳар ҳол мо мехоҳем ва ё намехоҳем дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Русия нақши фармондеҳиро иҷро мекунад. Аз ҷиҳати масоҳату неру ҳам ин кишвар бартарӣ дорад. Барои ҳамин дар миёни кишварҳои дигар Русия узви аслии ин паймон аст. Вале ин нуқта, ки Русия мехоҳад ин бартариҳоро барои поймол кардани истиқлоли дигарон сӯистифода кунад, ман шак дорам. Ман дар бисёре аз чунин размоишҳо ширкат доштам ва чунин талошро мушоҳида накардаам. Ин кишварҳо ба умури дохилии якдигар мудохила намекунанд. Масалан, дар ҷануби кишвари мо дар Ӯш ҳодисаҳои байнимиллӣ, яъне байни узбактаборон ва қирғизтаборон пеш омад. Ҳеҷ як аз кишварҳои узви Созмони Паймони Аамнияти Дастаҷамъӣ ба ин ҳодисаҳо мудохила накард. Қонунгузориҳо ҳам ин корро иҷоза намедиҳанд ва баъид ба назар мерасад, ки мудохила кунанд. Ҳоло барои ин кор механизме вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, чунин масъалаҳо хеле ҳассос мебошанд ва худое накарда, агар низомиёни кишваре дар чунин муноқишаҳо нодуруст рафтор кунанд, дар он сурат муноқишаҳо метавонанд доманаи васеътар бигиранд. Барои ҳамин ин масъала бояд бодиққат омӯхта шавад. Вале то ҳол роҳе вуҷуд надорад”.

Озодӣ: Вале ин кишварҳо метавонанд дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои худ барои таъмини амният дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кунанд?

Қулов: Ҳам ҳамватанони мо, ки аз ин ҷо ба Афғонистон рафтаанд ва ҳамчунин ҳамватанони шумо аз Тоҷикистон ва ё аз Узбакистон бо Толибони Афғонистон ҳамроҳ шудаанд. Онҳо саранҷом ба куҷо хоҳанд рафт. Албатта онҳо ба ватани худ бармегарданд ва мушкил эҷод мекунанд. Мо набояд рӯйдодҳои Боткандро аз ёд бибарем. Он вақт аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон талош карда буданд, ки аз қаламрави вилояти Ботканд ба хоки Узбакистон бигзаранд. Ин ҳолат мушкили ҷиддӣ пеш оварда буд. Бино ба баъзе маълумот, шумораи онҳо тақрибан сад нафар буд. Аммо барои пешгирӣ аз нақшаҳои онҳо ҳамаи кишвар ба ҳолати омодабош даромада буд, ба таври иловагӣ гурӯҳҳои дифоъ аз худ ташкил карданд ва ҳамаи сохторҳоро ҷалб карда буданд. Ин масъалаест, ки моро ба ташвиш меорад ва бояд роҷеъ ба он якҷоя фикр кунем”.

Озодӣ: Вале дар марҳилаи кунунӣ чӣ хатарҳо вуҷуд дорад?

Қулов: Гоҳо зери номи ислом талош мекунанд, ки аз манофеи худ ҳимоя кунанд. Масалан, ҳоло талошҳои ташкили хилофат ба назар мерасад. Ман бо ин одамон сӯҳбат кардам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки бояд дар ин ҷо хилофат ташкил кард, барои он ки аҳолии мо аз аҳолии кишварҳои арабӣ нисбатан босавод ҳастанд. Ба Худо бештар эътиқод доранд. Барои ҳамин мо дар ин ҷо зудтар хилофат бунёд мекунем ва ба онҳо нишон медиҳем, ки барои иҷрои хостҳои Худо чӣ кор бояд кард. Набояд ба онҳо бетаваҷҷуҳӣ нишон дод. Барои ҳамин мегӯянд, ки барои инқилоб пул, гурӯҳҳои созмонёфта ва афроди сарсупурда заруранд. Агар шумораашон камтар ҳам бошад, ин гуна афрод метавонанд дар ҷое бебандубориҳо роҳандозӣ кунанд”.

XS
SM
MD
LG