Таронаи “Закия”-и Фаридуни Хуршед, овозон ва ҳамсари Фарзонаи Хуршед, бо забони испониёӣ ба бозор ироа хоҳад шуд. Фаридун ин таронаашро дар ҳамовозӣ бо Исаак Реал, овозхоне аз Испония, иҷро карда, клипашро дар шаҳри Тошканд ба навор гирифтааст.
Фаридуни Хуршед рӯзи 2 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди ҳамкорӣ дар лоиҳаи нав аз ҷониби Исаак Реал сурат гирифта, тамоми хароҷоти сабти клипро ҳам ӯ ба уҳда доштааст. Диловари Мизроб, продюсери Фаридуни Хуршед, гуфт, Исаак бори аввал оҳанги “Закия”-ро дар яке аз озмунҳои мусиқӣ дар Қазоқистон шунида, баъдан пешниҳоди ҳамкориро додааст.
Диловари Мизроб гуфт, “дар барномаи “Топ Интернешнл” дар Қазоқистон Фаридун ҷойи аввалро гирифт ва Исаак бо як суруд иштирок дошт. Ҳамон ҷо таронаи “Закия”-ро шунидааст ва моҳи январи соли ҷорӣ ба мо хабар расонд, ки мехоҳад ҳамкорӣ кунад. Ҳадаф аз сабти клипи нав омезиши оҳанги Амрикои Лотинӣ бо тоҷикӣ буд.”
Фаридуни Хуршед мегӯяд, Исаак дар сӯҳбатҳое, ки дар ҷараёни ба наворгирии клип дошт, гуфтааст бештар аз ҳама оҳанги ин тарона барояш писанд омадааст. “Вай аз чанд таронаи дигар ҳам таъриф кард, аммо маҳз оҳанги “Закия” бо сабку услуби ӯ мувофиқ будааст ва хост, ки ҳамин таронаро дар ҳамовозӣ иҷро кунем,” – афзуд ӯ.
Баъдан бо ёрии Фаридун ҳамтои ӯ аз Испониё бо мӯҳтавои ин оҳанг ошно шуда, порае аз онро бо забони худ тарҷума кардааст. Фаридун мегӯяд, “то замони оғози ҳамкорӣ мо бо якдигар ғоибона шинос будем. Садои хуб дошт, таронаҳояш ба ман маъқул буданд.”
Клипи нав ва якҷояи ду овозхон омодаи нашр аст ва рӯзҳои наздик дар Тоҷикистону Испониё пешниҳоди мухлисон хоҳад шуд. Фаридун мегӯяд, ки ин нахустин ҳамкорӣ ва таронаи дугонаи ӯ бо Исаак нахоҳад буд ва онҳо нақшаи идомаи ҳамории якҷояро доранд. Дар мавриди сабти клип дар Тошканд Фаридун мегӯяд, дар Узбакистон шароити наворбардории клип дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам аст ва бинобар ин онҳо ин кишварро барои наворбардорӣ интихоб кардаанд.
Фаридуни Хуршед бо таронааш “Закия” дар ҳамовозӣ бо Исаак, ба ҷашнвораи “Womex - 2016” даъват шудааст, ки қарор аст 20 октябри соли равон дар Мадриди Испониё баргузор шавад.
Овозхон Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омад ва худро бо таронаи “Эмануэла” муаррифӣ кард. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, соли гузашта барандаи ҷоизаи Big Apple Music Awards шуд. Баъдан хабари издивоҷи вай бо Фарзонаи Хуршед расонаи шуд. Онҳо гуфта буданд, издивоҷашонбидуни сарусадои зиёд сурат гирифтааст. Исми нахустфарзанди Фаридун ва Фарзонаи Хуршед ҳам Закия аст ва ӯ тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Наворро тарики телевизион нишон дода ки хак ё нохак буданро маълум кардан даркор. Хар касе ки конунро вайрон кардааст чазояшро бинад, ин барои даххо ва садхо сарбоз дарс мегардад. Фарзанд барои хама азиз вале волидайни сарбозони боздоштшуда худро ба чои волидайни сарбозони тахкир, озордодашуда ва маюбгашта як лахза тасавур намоянд. Бояд сарбозонро дар рухияи бародарию дусти тарбия кард.
хаайрон мешайбахдо ранги солои 90 точико да армиям худшона мекшан якдигараша айбай эй бачахо айбай бахдо ки да асри 21 якдигарта чашми дидан надорен
Ин "бобоҳои тиллои"- ро то 5 сол маҳкам кунед то дарс ба дигар дедҳо шавад. Фарзандони мардумро камтар азобу маҷрӯҳ мекунанд.
На артиш, балки зиндон аст ин ҷо, Макони шеру гургон аст ин ҷо! Бародарҳо аз ин артиш гурезед, Дили инсон пушаймон аст ин ҷо!
Бисер кори хуб 10 Сол хам кам АСТ. Дедовщина факат дар давлатхои собики шурави АСТ. Ин як одати пасти бешарафона мебошад.артиш бояд бар зидди дкшман чангад на бар зидди якдигар...