Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳририҳо аз ширкат дар мурофиа худдорӣ карданд


Даҳ нафар аз 12 маҳкумшудаи узви созмони мамнуъи Ҳизб-ут-таҳрир, ки дубора дар додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ба ҷурми ташкили махфигоҳ дар чойхонаи маҳбас айбдор дониста мешаванд, аз ширкат дар мурофиа даст кашидаанд.

Бархе аз маҳкумшудагони узви созмони мамнуъи Ҳизб-ут-таҳрир, ки дигарбора ба иттиҳоми ташкили махфигоҳ дар чойхонаи зиндон айбдор мешаванд, аз ширкат дар мурофиа даст кашидаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин афрод дар маҳбаси 3/2, маъруф ба "Кирпичний"-и ноҳияи Ваҳдат адои ҷазо намуда, дар кунҷи чойхонаи маҳбас махфигоҳи телефонҳову дастгоҳҳои сабт созмон додаанд.

​Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи чоршанбе 10 нафар аз маҳкумшудаҳои Ҳизб-ут-таҳрир ба додраси додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Холиқов дархостнома ирсол дошта, гуфтаанд, ки ба нишони эътироз ба амалкарди ҳайати судӣ то замони содир шудани ҳукм, дар мурофиа ширкат нахоҳанд кард.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки бар асоси дархостнома, онҳо бо шароити нокифояи бинои маҳбас, ки дар онҷо мурофиа идома дорад, норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки дар мурофиа ҳайати судӣ истифодаи сабти овозро иҷозат намедиҳанд ва ин барои ҳимояи ҳуқуқи маҳкумшудаҳо, зарур мебошад.

Дар дархостнома ҳамчунин зикр шудааст, ки шоҳидон аслан кормандони маҳбас мебошанд ва онҳо талош мекунанд, ки ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ бар зарари аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ҳал шавад ва яке аз шоҳидони сардори маҳбас Баҳромиддин Авазов мебошад.

Аммо як масъули Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, дархостномаи аъзои Ҳизб-ут-таҳри бепоя аст, чунки кормандони маҳбас онҳоро баъди тафтишоти чандмоҳа боздошт карданд ва дар вақти боздошт кормандони ҳамин маҳбас ширкат доштанд.

Раёсати ислоҳии маҳбасҳо мегӯяд, дар нисбати дархостномаи онҳо бояд додгоҳ ҷавоб диҳад, лекин дар масъалаи шоҳидон ҳамаи онҳо кормандони маҳбаси рақами 3/2, ҳастанд. Маҳкушудаҳои Ҳизб-ут-таҳрир тибқи моддаҳои 189, моддаи 307 ҷисми 2 барои ташкил додани махфигоҳ дар бинои чойхонаи маҳбас, айбдор дониста мешаванд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ин махфигоҳ 27 телефони мобилӣ, 41 симкорт, 11 гӯшӣ (наушник), 1 дастгоҳи сабти навор (видеокамера), 3 МP3, 28 дастгоҳи сабт ва 6 дона USB маҳфуз буда, аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" бо истифода аз онҳо барои таблиғу ташвиқи аҳдофи худ, яъне таъсиси хилофат ва ҷалби афрод ба ин созмон, истифода мекардаанд.

Аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Ҳизб-ут-таҳрир ҳамроҳи амири онҳо Хуршед Аҳроров ва Толиб Очилов, Абдувалиҷон Холмирзоев, Алиҷон Дададбоев, Меъроҷиддин Қодиров, Иброҳимбек Маҳмудов,Собир Абдухолиқов, Қиёмиддин Сафаров, Бозоров Абдухолиқ, Ортиқов Аҳмадхон, Абдусаттор Маҳмудов, Абдусалоҳ Бобохонов бо моддаи 189 қисми 2 (барои барангехтани адовати динӣ) 307 қисми 2 (ҳамкорӣ бо иттиҳодияи ҷиноӣ) моддаи 307, қисми 2 (даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани аҳдофи созмони экстремистӣ) айбдор дониста мешаванд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар вақти пурсиш аксари аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир”, хусусан "амир"-и онҳо Хуршед Аҳроров исрор кардааст, ки ғояҳои ин созмон дуруст аст ва ӯ аз ин роҳи худ даст нахоҳад бардошт. Аз рӯи нишондоди имомахатиби масҷиди ин маҳбас, аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир” аз зиндониёни ноогоҳ бештар истифода намуда, онҳоро барои таъсиси хилофати исломӣ ва сарнагун кардани ҳукумати дунявӣ, даъват мекарданд. Аъзои маҳкумшудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” дар солҳои гуногун маҳбус шуда ва аз 10 то 16 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG