Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 12 медал - ҳафт нишони тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Швейтсария бо касби 7 медал - панҷ тилло, як нуқра ва як биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки аз ҳама бештар - 15 медал 4 тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ) дорад, ба ҷойи 3-юм баромад.
Варзишгарони Канада бо касби 12 медал - чор нишони тилло, панҷ нуқра ва се биринҷӣ дар мақоми чорум қарор доранд. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 14 медал (чор тилло, чор нуқра ва шаш биринҷӣ) мақоми панҷумро азони худ кардааст.Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 14 медал (чор тилло, се нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дар мақоми шашум мебошад.
Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 18 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо се нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 9-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 22-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.
Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.
Имрӯз, 16-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои панҷ маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ ва сноуборд мубориза мебаранд.
Рӯзи якшанбе, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:
Варзишгарони Канада бо касби 12 медал - чор нишони тилло, панҷ нуқра ва се биринҷӣ дар мақоми чорум қарор доранд. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 14 медал (чор тилло, чор нуқра ва шаш биринҷӣ) мақоми панҷумро азони худ кардааст.Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 14 медал (чор тилло, се нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дар мақоми шашум мебошад.
Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 18 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо се нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 9-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 22-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.
Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 | Олмон | 7 | 3 | 2 | 12 | ||||||||
2 | Швейтсария | 5 | 1 | 1 | 7 | ||||||||
3 | Русия | 4 | 6 | 5 | 15 | ||||||||
4 | Канада | 4 | 5 | 3 | 12 | ||||||||
5 | Ҳолланд | 4 | 4 | 6 | 14 | ||||||||
6 | ИМА | 4 | 3 | 7 | 14 | ||||||||
7 | Норвегия | 4 | 3 | 6 | 13 | ||||||||
8 | Чин | 3 | 2 | 0 | 5 | ||||||||
9 | Беларус | 3 | 0 | 1 | 4 | ||||||||
10 | Лаҳистон | 3 | 0 | 0 | 3 | ||||||||
11 | Австрия | 2 | 4 | 1 | 7 | ||||||||
12 | Фаронса | 2 | 0 | 2 | 4 | ||||||||
13 | Шветсия | 1 | 5 | 2 | 8 | ||||||||
14 | Ҷопон | 1 | 2 | 1 | 4 | ||||||||
15 | Словения | 1 | 1 | 2 | 4 | ||||||||
16 | Корея | 1 | 1 | 1 | 3 | ||||||||
17 18 19 20 21 22 23 24 25 25 |
Британия Словакия Италия Ҷумҳурии Чех Финляндия Латвия Австралия Хорватия Қазоқистон Украина |
1 1 0 0 0 0 0 0 0 0 |
0 0 2 2 2 1 1 1 0 0 |
1 0 3 1 0 2 1 0 1 1 |
2 1 5 3 2 3 2 1 1 1 | ||||||||
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.
Имрӯз, 16-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои панҷ маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ ва сноуборд мубориза мебаранд.
Рӯзи якшанбе, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:
12:00 | Мардон. Гурӯҳи В - Австрия - Норвегия | |
16:30 | Мардон. Гурӯҳи А – Русия - Словакия | |
16:30 | Мардон. Гурӯҳи А - Словения - ИМА | |
21:00 | Мардон. Гурӯҳи В - Финляндия – Канада | |
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст. |