Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон. Абзори масрафшуда ё талаботи рӯз?


Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар 27 январир соли 2017

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

ГУФТУГӮИ МИЛЛӢ. ҲНИТ акнун нест. Баҳси диниву дунявият ҳам. Пас чаро ҳукумат бо нерӯҳои “безарар” набояд сари мизи гуфтугӯ нишинад?

Суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора, ки ҳини музокироти сулҳ ҳукумат на бо ҲНИТ, балки бо Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон сари музокирот менишаст, боис ба сару садои гуногун гашт. Бархе ишораба таъсиру ҷойгоҳи ҲНИТ, ки ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ намуданду гуфтанд, ки аслан масъала дар дигар ҷост. Яъне муҳим будани гуфтугӯ бо ҷомеа ва қишрҳои он дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, то ҳанӯз дуруст ҳазм нашудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон маҳз дар ҳоли парокандагии амиқ ва набудани ваҳдати миллӣ ба қудрат омад ва вазифаи аслии худ маҳз сулҳу гуфтугӯро медонист.

Вобаста ба ин, як баҳонаи хабарӣ барои ин матлаб ҳам дорем. Маҳз дар таърихи 18-уми июли соли 1997 конфронси таъсисотии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (ҲВМЭТ) баргузор гардид. Ин замоне буд, ки музокироти сулҳи байни тоҷикон бо даъвову баҳсҳои ҷиддӣ идома дошт. Ҳукумат барои нишон додани ҳамбастагиаш бо мардум иқдомоте анҷом медод. Аз ҷумла, то баргузории конфронси таъсисотии ҲВМЭТ ҳанӯз 9 -уми марти соли 1996 Шӯрои ҷамъиятиро таъсис дод ва ҳадафи онро минбари гуфтугӯҳои ҷиддӣ унвон мекард.

Ҳамин тавр, Шӯрои ҷамъиятӣ дар таърихи сиёсии кишвар дар шароити бисёр душвор ба вуҷуд омад. Баҳо ба фаъолияташ дар муддати инак 24 сол яксон нест.

Аслан бо ташкили ин ниҳод он замон ҳукумат гӯё ба мардуми дохилу хориҷ гуфтан мехост, ки бо созмону аҳзоби сиёсии дохили кишвар дар ҳоли гуфтугӯст ва байни онҳо ҳеч ихтилофе дар миён нест. Аммо ин дар замоне буд, ки анқариб як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хориҷ аз кишвар ва ағлаб дар Афғонистони ҷангзада буданду ба онҳо намояндагони аҳзобу созмонҳои сиёсие чун наҳзати исломӣ, демократ, “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” ва дигарон роҳбарӣ мекарданд.

Он вақт, ҳатто хабарҳое ҳам паҳн гашт, ки Ҳизби демократ бо роҳбарии Аъзам Афзалӣ ном шахс дар Душанбе фаъол шудааст. Ин боис ба як баҳси гарми намояндагони ҳукумат бо мухолифони сиёсӣ - низомиаш гашт, ки акнун аз музокирот сӯҳбат мекарданд. Дар охир ҳукумат маҷбур шуд, ба сифати Ҳизби демократ маҳз нерӯеро бипазирад, ки дар сафи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷумъабой Ниёзов қарор доштанд.

Ин замоне буд, ки дар маҷмӯъ, ҳукумат дар дохил бидуни рақобат ва рақибони сиёсӣ амал мекард. Ҳизби коммунистро, ки ягона нерӯи сиёсии кишвар дониста мешуд, мухолифи ҳукумат гуфтан имкон надошт. Ҳизби ҳокими имрӯз, яъне ҲХДТ он замон аз имконоте, ки ҳоло дорад, бархӯрдор набуд. Ин пас аз соли 2004 – 05 буд, ки ин ҳизб “ҷои худро ёфт”. Дар чунин шароит таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ки рукни асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил менамоянд, аҳамияти муҳим дошт. Аз ин рӯ, дар радифи созмону иттиҳодияҳои гуногун ба вуҷуд омадани Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон рӯйдоди бисёр арзишманд дониста мешуд. Гуфта мешуд, ки он вазифаи ҳамоҳангсози фаъолияти тамоми нерӯҳоро ба хотири таҳкими раванди сулҳ, бунёди ҷомеаи озоду одилона рушду таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон иҷро мекунад.

Асоси ҳуқуқиву сиёсии Шӯрои ҷамъиятиро имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа гузошт. Баъдтар, ба тақозои зарурат, муттаҳид намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба миён омад. Зеро вазъияти сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби истиқрори сулҳу субот фаъолияти якҷоя ва самараноки нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро талаб мекард. Инчунин дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои зиёди мухталифе пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар он марҳалаи ҳасос ба ҳамоҳангсозӣ ниёз дошт.

“Рӯзи 21 феврали соли 1996 ман дар суханрониам дар назди роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудани ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро беҳтарин василаи ваҳдату ягонагии кишвар номида, арз намудам, ки маҳз ҳамин иттиҳод қудрати ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро дорад. Аслан, ҳадафи асосии таҳияи Аҳднома аз мақсад ва вазифаҳои давлати навтаъсиси Тоҷикистон бармеомад. Маҳз ин ҳадаф тарафҳоро водор намуд, ки 9 марти соли 1996 ин санади муҳим ба имзо расонида шавад” - зикр намуда буд дар яке аз суханрониҳош Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки ба ин васила мехостанд нишон бидиҳанд, ки дар дохили кишвар ҳеч гуна мухолифати ҷиддӣ мавҷуд нест. Ҳамзамон мақсади асосии Аҳдномаро ба ташаккули ҷомеаи боадолати шаҳрвандии демократиасос, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маънидод мекарданд.

Зимнан, бо гузашти 24 сол саволе пайдо мешавад, ки оё ин аҳдоф то куҷо бароварда шуданд? Бештар аз ин, оё мо гуфта метавонем, ки ризоияти комили аҳли ҷомеаро акнун дорем? Ё агар надорем, пас чӣ бояд кард?

Пеш аз он, ки ба ин суолҳо посух дарёбем, бояд гуфт, Шӯрои ҷамъиятӣ ва фаъолиятҳои он ҳамеша аз нишебу фарозҳо пур буд. Бахусус, пас аз қариб ҳар интихоботи парлумонӣ то соли 2015, мо мешунидем, ки аҳзоби сиёсие назири наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ он замон мамнӯъ набуд ва демократу ҳатто коммунист “қаҳр” карда, узвияти худро бозмедоштанд.

Масалан, соли 2005 Ҳизби коммунист пас аз интихоботи парлумонӣ эълон намуд, ки аз ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ берун мешавад. Рӯзе пас барои коммунистҳо чанд курсии вакилӣ пайдо шуду ин баҳс аз байн рафт. Соли 2011 Ҳизби демократ бо пахши муроҷиатномае гуфт, ки ин ниҳод дар шакли феълиаш интизориҳоро бароварда намесозад ва аз ин хотир зарурати табдили он аз сохтори ҷамъиятӣ ба Шӯрои машваратии назди Президент пеш омадааст. Аммо масъулини Шӯрои ҷамъиятӣ бо лаҳни тунд ба ин муроҷиат посух доданд ва гуфтанд, ки ин “нигоҳи тангназарона аст” ва ин ниҳод бояд дар ҳамин шакл боқӣ монад.

Вале ин танҳо ҲДТ набуд, ки дар бораи ислоҳи сохтории Шӯрои ҷамъиятӣ баҳсро ба вуҷуд овард. Пеш аз ин ҲНИТ ва Абдуғанӣ Мамадазимов низ ба сифати Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон бо ҳамин маъно матлабҳо навиштанд. Аҳзоби сиёсии дигар, аз ҷумла Ҳизби сосиал - демократ, умуман узвияти ин Шӯроро надоштаву надоранд. Фаъолони ҷамъиятӣ ва бархе аз шахсиятҳои дигари матраҳ то ҳанӯз мегӯнд бояд василаҳои мустақими гуфтугӯ бо мақомоти сатҳи олии мамлакатро пайдо намуд, чун ин корро Шӯрои ҷамъиятӣ карда натавонист.

Баррасии ин мавзӯъ аз сӯҳбатҳои зиёд бо доираҳои таҳлиливу коршиносӣ чанд мавзӯеро ба миён овард, ки гуфтанашон, фикр мекунам, ба манфиати ҳамагон аст. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, бинобар сабаби ҳассос ва ғайриқобили пешгӯӣ будани он, тақозо дорад, ки ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар кишвар боз ҳам тақвият дода шуда, ҳамчун абзори муттаҳидкунанда ва суботофар густариш ёбад. Хоса дар соле, ки Тоҷикистон маъракаи муҳиме чун интихоботи президентӣ дорад, дар ин самт ба назар гирифтани нуктаҳои зеринро таҳлилгарон барои татбиқи ҳадафмандонаи манфиатҳои миллӣ мусоид медонанд:

  1. Ҳифзи субот ва таҳкими амнияти миллӣ. Нуктаи мазкур аз он ҷиҳат муҳим ба шумор меравад, ки имрӯз як қатор давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ки дар ҳоли тақвияти давлатдории миллӣ қарор доранд, бо таҳдиду хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Аз ин рӯ, танҳо суботи сиёсӣ ва таъмин будани амнияти миллӣ имкон фароҳам меорад, ки раванди тақвияти ниҳодҳои давлатӣ бе мудохила идома ёбад. Ҳамчунин, хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ низ зиёд гаштаанд, ки пешгирӣ накардани он барои миллат ва давлат таҳдиди ҷиддӣ меофарад;
  2. Консепсияи рушди давлатдории миллӣ. Феълан дар ягон санади расмии Тоҷикистон истилоҳи “давлатдории миллӣ” ё “бунёди давлатдории миллӣ” дарҷ нагардидааст. Аммо дар матбуот ҳам мақомдорони давлатӣ ва таҳлилгарон низ ин истилоҳро зиёд истифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо назардошти тезиси аввал, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ин мафҳум ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ (масалан ба Қонуни асосӣ) ворид карда шавад. Зеро танҳо давлатдории миллӣ имкон медиҳад, ки ормонҳои миллати тоҷик барои бунёди давлатдории некӯаҳволии умум амалӣ гарданд. Дар ин самт, махсусан муҳим аст, ки бо ҷалби доираи васеи коршиносон ҳамин консепсия таҳия гардида, барои мардуми кишвар пешниҳод шавад. Дар доираи ин консепсия муайян намудани идеяи миллӣ, яъне идеяи марказии давлатдорӣ низ имконпазир мебошад;
  3. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар самти ба ҳам омадани мардум, густариши ризоият ва ваҳдати сартосарии миллӣ аз рушди ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, бинобар сабабҳои хос вазифаи аслии худро амалӣ карда наметавонад. Вазифаи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди ин ғоя дар кишвар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дараҷаи тафаккури истеъмоливу истеъмориро ба поён бурда, рушди инфиродӣ ва консептуалии шахсро дар кишвар таъмин менамояд.

Бештар аз ин, бояд ба назар гирифт, ки феълан дар тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон насли наве ба вуҷуд омадааст, ки барояшон шояд мафҳумҳое мисли “Истиқлолият”, “Ҳувияти миллӣ”, “Урфу одат” ва ғайра муҳим набошад. Манофеи лаҳзавӣ барои онҳо муқаддамтар ба назар мерасад. Албатта чунин ҳолат, тавре аз таърих бармеояд, танҳо хоси Тоҷикистон ва кишварҳое мисли он нест.

Давлатҳои пешрафтаву абарқудрат низ чунин мушкилотро доштанд. Аммо ҳар гоҳ бо наҳваҳои гуногун аз ин ҳолат баромаданд. Масалан, бо тақвият додани сиёсати хориҷӣ ва таҳдиди хатари берунӣ.

Ағлаби кишварҳои ғарбӣ аз рӯи ин модел кор мекунанд. Сиёсат ва интихоботҳои ИМА то замони Трамп нишон медиҳанд, ки барои интихобкунанда назар ба масоили дохилӣ бештар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ муҳимтар аст. Зеро давлат низоми хоси давлатдории худро сохт, ки дар он масъалаи интиқоли қудрат асосӣ нест. Ин низом чунин тартиберо муқаррар кардааст, ки як ё ду дафъа ҷумҳурихоҳони “хашин” ба қудрат меоянд ва баъди онҳо демократҳои “нарм”, то ба ин васила сиёсатҳои қудратхоҳонаи кишварро дар дохил ва аслан ҷаҳон побарҷо гузоранд. Эрони исломӣ низ тақрибан ҳоло аз рӯи ин модел кор мекунад. Русия бо ҳама чолишҳое, ки дорад, ҳоло ҳам рӯҳияи эътирозии шадидро рӯ ба рӯ нашудааст. Зеро мардуми ин кишвар на танҳо мехоҳанд, ки ватанашонро абарқудрат бубинанд, балки шоҳид мешаванд. Ин воқеият аст, ки Кремл дар сиёсатҳои ҷаҳон то ҳанӯз ҳарфи устувори худро гуфта метавонад. Ин барои ризояту ваҳдати мардум бисёр корсоз аст.

Бо ин ҳама, дар ин кишварҳо тарс аз мардуми худ вуҷуд надорад ва то ҷое ин имконро фароҳам меоранд, ки ҳама баҳсҳо бидуни тарсу фишор сурат бигиранд. Ин ҳолат эҳсоси ватандӯстии одамонро бештар ва масъулиятнокии онҳоро афзоиш медиҳад...

Аммо дар кишварҳое мисли Тоҷикистон масъала дигар аст. Чӣ ҷои пинҳон кардан, дар мо нерӯи тавонмандии мубориза бо ҳама вуҷуд надоранд ва тавре дар матлаби қаблиамон зикр кардем, ҳеч кадоме аз кишварҳоро ҳам дӯсти дӯст ва душмани душман гуфта намешавад. Кишварҳои қавӣ танҳо як иттифоқчӣ ва он ҳам мардумашонро доранд. Пас машварату гуфтугӯ бо ин иттифоқчии табиӣ шарти асосист!

Воқеан, бо канор шудани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ гӯё баҳси диниву дунявият, ки барои ҳукумат ҳанӯз аз замони музокироти сулҳ ҷиддӣ буд, аз байн рафт. Дар дохил танҳо нерӯҳои ба истилоҳ “безарар” боқӣ мондаанд. Ҳаводиси чанд соли ахир ҳам нишон дод, ки мардум ягон нерӯи фурсатталабу ҷангҷӯро қабул надорад. Пас чаро бо онҳо набояд сари миз нишаст?

Акнун, ки дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ва берун аз он нерӯҳои нави сиёсӣ ва берун аз низом шакл мегиранд, як-як чеҳраҳои ҷавону нерӯманд ва созмонҳои гуногун рӯ мезананд, ҷалби онҳо ба қолаби қонунии фаъолият шарти ризоияти миллӣ хоҳад буд. Такя ба ассотсиатсиаҳои гуногун, созмонҳои ақаллиятҳои миллӣ, ташкилотҳои нафақахӯрон ва ғайраву ҳоказо, ки аксарияти кулли Шӯрои ҷамъиятианд, албатта хуб аст, вале нодида гирифтани нерӯву созмонҳои нави пурэнержӣ салоҳи кор нест.

Дар робита, пурсида мешавад, оё замони ислоҳоти ҷиддии Шӯрои ҷамъиятӣ пеш наомадааст?

Чаро ин дафъа низ мо пештар аз Маскаву Остонаву Киев набошем, чун таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар муҳити пасошӯравӣ иқдоми нахустин ба ҳисоб мерафт?

Ин саволҳои муҳимтарини имрӯзу фардои мост. Хоса, пеш аз интихоботи президентии соли равон, ки гуфта мешавад бояд таҳаввулоти ҷиддие дар муҳити умумии иҷтимоӣ дар партави дурнамои “интиқоли қудрат” ба бор орад. Бовар дорем аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ сари ин масоил баҳси бештареро ба миён меоранд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

XS
SM
MD
LG