Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи XI байналмилалии дзюдо байни наврасону ҷавонон дар Барнаули Русия ҳафт медал ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа, ки аз 2-юм то 5-уми июн баргузор шуд, беш аз 800 варзишгари ҷавон аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 17 гуштигир намояндагӣ карданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Дилшод Абдураҳимов, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июн хабар дод.
Ба гуфтаи Абдураҳимов, дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони ҷавони тоҷик - Ҷамшед Сулаймонов (вазни 46 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (50 кг), Муҳаммад Мирзоев (73 кг) ва Темур Раҳимов (+81 кг) - ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.
Нуроншо Бодомаев дар вазни 60 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ду гуштигири дигари тоҷик – Исматулло Абдуллоев (73 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.