Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар чораҳои амниятиро сахттар карда, биноҳои муҳими давлатӣ, сафоратҳо ва ҷойҳои серодамро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтаанд. Мақомот рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, ки ҳадаф аз ин кор роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои террористӣ ва харобкорӣ аст.

Навори видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар майдони Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, кормандони умури дохилӣ бо силоҳ қарор доранд ва дар як гӯшаи ин майдон мошинҳои низомӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Чунин ҳолат дар як ҳафтаи пеш дида намешуд ва бархе аз сокинони шаҳр дар тааҷҷубанд, ки чаро афроди силоҳбадаст ба минтақаҳои мухталифи Душанбе рехтаанд.

Бархе ба ин назаранд, ки шояд дар Тоҷикистон кадом самит ё нишасти муҳим баргузор мешавад ва ба ҳамин хотир Вазорати умури дохилӣ бо ниҳодҳои дигари қудратӣ тадобири амниятиро рӯи даст гирифтааст. Худи мақомоти масъули Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ташдиди чораҳои амниятӣ иттилоияи расмӣ пахш накардаанд.

"Мақомот пеш аз тамринҳо сокинонро огоҳ кунанд"

Ба пурсиши Радиои Озодӣ дар ин робита масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки шиддат бахшидани чораҳои амниятӣ ба хотири оромиву бехатарии шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз рух додани ҳар гуна харобкорӣ ҷорӣ шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, "ҳеҷ сабаби дигаре дар миён нест".

Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҳар бегоҳӣ, вақте аз бинои Китобхонаи миллӣ берун мешавад, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ кормандони милисаро мебинад, ки мусаллаҳ ҳастанд ва ҳарҷо - ҳарҷо назорат мебаранд. "Шояд ин тадбирҳо ба хотири бехатарии мардум аст, чунки майдони Исмоили Сомонӣ ҳангоми шаб серодам мешавад ва аз инҷо сокинон зиёд гузар мекунанд. Дар гӯшаҳои атрофи шаҳр, то ҷое медонам, чунин ҳолат ба назар намерасад", - афзуд ӯ.

Алишер Зарифӣ
Алишер Зарифӣ

Алишери Зарифӣ, хабарнигори дигари тоҷик, гуфт, аз тадбирҳои амниятӣ дар чанд рӯзи ахир огоҳ аст. Ба қавли ӯ, вақте ид ё ҳамоише дар пеш нест, шояд кадом ҷинояткор ё афроди мавриди шубҳа ҷустуҷӯ мешавад: "Эҳтимол дар чунин ҳолат кормандони интизомӣ бо сахттар кардани чораҳои амниятӣ кадом гумонбар ё кадом ҷинояткорро ҷустуҷӯ доранд."

Аммо дар суҳбатҳои сарироҳӣ баъзе сокинони шаҳр дар майдони Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ки шумори зиёди милисаҳои мусаллаҳро мебинанд, вале аҳамият намедиҳанд.

Одатан дар Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории самитҳо ва нишастҳои байналмилалӣ бо ҳузури сарони кишварҳо ва ҳамчунин дар рӯзҳои иди миллӣ ба хусус, Истиқлол назорат дар марзҳо таҳким меёбад. Кормандони ҳифзи ҳуқуққ ва сохторҳои қудратӣ ба ҳолати омодабош (казармавӣ) қарор мегиранд. Ҳаракати мошинҳо дар шаҳр масдуд шуда, тадобири амниятӣ сахттар мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG