Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд

Горан Стеванович аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон сабукдӯш шудааст.
Горан Стеванович аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон сабукдӯш шудааст.

Мутахассиси сербистонӣ Горан Стеванович аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон сабукдӯш шуд. Дар ин бора fergana.agency хабар додааст.

Шартномаи Стеванович бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то поёни марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баста шуда буд. Ба гуфтаи сармураббӣ, ҷонибҳо дар мавриди тамдиди шартнома натавонистанд ба тавофуқ бирасанд.

"Бо вуҷуди ин, ман аз ҳамкориҳоям бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хеле хушҳолам. Дар федератсия одамони аҷиб кор мекунанд ва Тоҷикистон кишвари зебост", - қайд кардааст Стеванович.

Ба иттилои Eurasia Football, мураббӣ ба бознигарии шартҳои молии шартномааш, аз ҷумла афзоиши маош ва ҳамчунин имкони даъвати ёваронаш ба ҳайати мураббиён умед дошт. Аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон ин пешниҳодро рад кардааст.

Стеванович рӯзҳои аввали моҳи сентябри соли 2025 вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба уҳда гирифт. Зери раҳбарии ӯ даста чаҳор бозӣ карда, дар сетоаш пирӯз шуд ва як бозии муҳимро бо Филиппин мусовӣ анҷом дод. Ин натиҷа ба тими миллии кишвар имкон дод, ки ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёбад.

Аммо коршиносону мухлисон аз сифати бозии футболбозони тоҷик муқобили Филиппин қаноатманд нашуданд. Пас аз натиҷагирии бозии Тоҷикистону Филиппин дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Тоҷикистон се зина поин - ба ҷойгоҳи 103-юм фуромад ва Филиппин як зина боло рафт - 135-ум.

Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест. Феълан Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора изҳороти расмӣ пахш накардааст.

Солҳои 80-уми асри гузашта Стеванович дар дастаи «Партизан»-и Белград дар баробари ситораҳои футболи Югославия, ба мисли Предраг Миятович, Златко Захович ва Сречко Катанетс, ки баъдан сармураббии тими миллии Узбекистон шуд, ҳунарварӣ намудааст.

Дар солҳои 90-ум ӯ дар бошгоҳи португолии “Кампомайоренсе” ҳамроҳ бо Станимир Стойлов, мураббии ояндаи тими миллии Қазоқистон, бозӣ кардааст.

Стеванович карйераи мураббигии худро дар кишварҳои гуногун бунёд кардааст. Ӯ бо бошгоҳи “Партизан” дар мусобиқаи қаҳрамонии Сербистон ғолиб омада, тими миллии Ганаро ба даври ниманиҳоии Ҷоми Африқо баровардааст. Вай мунтахаби ҷавонони Сербистон, инчунин бошгоҳҳои Юнон ва Чинро сарварӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG