Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИРНА: "Сангтӯда-2 баъд аз 3 моҳ фаъол шуд"


ИРНА - хабаргузории расмии Эрон хабар дод, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2 баъд аз се моҳи таваққуф дубора ба фаъолият оғоз кардааст.

Саид Аскарӣ, мудири ширкати нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин нерӯгоҳ ба хотири анҷоми корҳои таъмиротии давраӣ ва солона муддате мутаваққиф буд ва фаъолияти он ҳоло аз сар гирифта шуд.

Ин дар ҳолест ки қаблан дар моҳи январ гуфта мешуд, бино бар пардохта нашудани қарзҳои ин ширкат аз сӯи "Барқи тоҷик", ин нерӯгоҳ фаъолияти худро мутаваққиф кардааст. Он вақт қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди ин нерӯгоҳ 133 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 28 миллион доллар, гуфта шуда буд. Вале маълум нест, ки оё ширкати "Барқи тоҷик" қарзи ин нерӯгоҳро пардохтааст ё на. Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи якшанбеи 6-уми апрел аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард.

"Сангтӯда-2? моҳи январ, замоне аз кор монд, ки Тоҷикистон бо як лимити шадиди нирӯи барқ, ки ҳар зимистон аз гиребонаш мегирад, дучор шуда буд ва қатъи тавлиди барқ дар ин нирӯгоҳ табъан бори лимитро сангинтар кард. Ҳоло ҳам, ки аз дубора ба тавлиди барқ шурӯъ кардани "Сангтӯда-2" гузориш шудааст, лимити барқ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

Сафорати Эрон моҳи январ гуфта буд, чархаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба иллати мушкили фаннӣ аз кор мондааст, аммо мушкил замоне рафъ хоҳад шуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба пардохти қарзҳояш оғоз кунад. Як манбаъ дар сафорат он замон гуфта буд, қарзи «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи тавлиди «Сангтӯда-2» ба 28 миллион доллар расида ва ҳар моҳ ба ин маблағ боз ду миллион доллари дигар зам мешавад. Ширкати масъули сохтмон ва фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон ширкати эронии «Сангоб» аст.

Баҳси қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз моҳи феврали соли 2013 қариб як сол боз сар зада буд. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати «Барқи тоҷик» хоста буд, ки 12 миллион доллар қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро то замони ташрифи президенти вақти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, пардохт намояд.

Қарор буд, он вақт раисиҷумҳури Эрон дар пайи таҷлили Наврӯз дар Ишқобод вориди Тоҷикистон шуда, дар расми кушоиши чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ширкат варзад. Аммо ин сафар ба вуқӯъ напайваст ва ба таъкиди масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, чархаи дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки ҳанӯз моҳи феврал омодаи кор буд, дар интизори раисҷумҳурони ду кишвар ба гардиш надаромад.

Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар аввалҳои моҳи сентябри соли 2011 дар ҳузури раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуда буд. Пас аз се моҳи давраи озмоишӣ, дар 22-декабри ҳамон сол ин нерӯгоҳ ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ кард ва 30-юми декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин нирӯгоҳ васл шуданд.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки як ҳар чархаи он 125 мегаватт нерӯ тавлид мекунад, дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тибқи тавофуқи ду кишвар, тайи 12 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор гирифта, сипас ба дасти Тоҷикистон хоҳад гузашт.

Баҳси қарзи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҳолест, ки қарзи ин ширкати монополист дар бозори фурӯши барқи Тоҷикистон аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-1", ки Русия сохтааст, низ ба 410 миллион сомонӣ, ё тақрибан 82 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG