Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти гуштигири тоҷик дар мусобиқоти Осиё дар Ҳонконг


Акс аз соли 2012. Сабцат бо иштироки Комроншоҳи Устопириён
Акс аз соли 2012. Сабцат бо иштироки Комроншоҳи Устопириён

Садр Боев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Hong Kong Asian Open 2017), ки рӯзҳои 9-10 декабр дар Ҳонконг баргузор шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи 11-уми декабр хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Ҳонконг 171 варзишгар (110 мард ва 61 зан) аз 22 кишвари чаҳор қитъаи олам ширкат дошт.

Ба иттилои ин манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот танҳо як нафар - Садр Боев - дар вазни зери 81 килограмм намояндагӣ кард. Зимнан, ӯ ягона гуштигир аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ буд.

Боев, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз рақибаш Юнг Ҷун Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.

Дар ин вазн ҳамагӣ 18 гуштигир рақобат кард. Юнг Ҷун Ли, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Вей-Ченг Чанг аз Тайбейи Чин пирӯзӣ ба даст овард, барои мақоми аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқот мардон дар ҳафт вазн ва занон низ дар ҳафт вазн рақобат карданд. Умуман, намояндагони ёздаҳ кишвар барандагони медалҳо шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум ва дастаи Тайбейи Чин бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) севум шуданд.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли равон дар Ҳонконг мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё бо ширкати 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар баргузор шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил буд. Аз байни онҳо танҳо паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён соҳиби медал гардид. Ӯдар вазни зери 90 кило дувумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило ҷойҳои панҷум, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило мақоми ҳафтумро касб намуданд. Вале Хушқадам Хусравов дар вазни зери 66 кило, Саидмухтор Расулов дар вазни зери 73 кило ва Садр Боев дар вазни зери 81 кило дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

XS
SM
MD
LG