Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир - Чақалтой" - баландтарин нуқтаи ҳамкорӣ бо Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Русия протоколи марбут ба низомномаи Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»-ро тасдиқ кард.

Торнамои ҳукумати Русия рӯзи панҷшанбеи 8 август хабар дод, ки Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар зимни тасдиқи ин протокол вазорати илму маорифро муваззаф кардааст, то ба манзури имзои ин санад бо ҷониби Тоҷикистон вориди музокирот шавад.

Созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар робита ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ҳанӯз моҳи августи соли 2008 дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон имзо шуда буд ва алакай моҳи ноябри соли 2009 ба тасвиб расид.

Ба навиштаи торнамои расмии ҳукумати Русия, интизор меравад, дар низомномаи ин Марказ дигаргунӣ ворид карда шавад.

Тибқи низомномаи Марказ, раҳбарони калидии он аз ҷониби Шӯро бо шумули як раҳбар ва як ҷонишин бояд аз ҳарду ҷониб таъйин карда шаванд.

Ҳамчунин ҳамаи амволи ин Марказ, «бо шумули замини он» моликияти баробарии Русияву Тоҷикистон аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон қаблан иддао доштанд, ки ин марказ бо 12 гектар замин,бо амволи манқул ва ғайриманқул, аз қабили сохтмонҳо, таҷҳизот ва садҳо тонна фулузоти гаронбаҳо, ба шумули 3000 тонна қӯрғошим моликияти Тоҷикистон аст.

Танҳо умури мудирияти ин пойгоҳи илмӣ ба сурати даврӣ як сол ба дӯши Русия ва як сол бар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад. Ҳамзамон ҳар кишвари дигаре метавонад, дар ин таҳқиқотҳо шарик шавад, аммо дар мудирияти он саҳм нахоҳад дошт.

Созишнома дар мавриди таъсиси ин пойгоҳи илмӣ миёни Тоҷикистон ва Русия барои 25 сол ба имзо расидааст. Маблағгузорӣ ба ин марказ асосан аз ҳисоби Русия сурат мегирад, ҳарчанд дар низомааш "саҳми ҳарсолаи ҷонибҳо, созишномаҳои байни дигар идораҳо ва ҳамчунин грантҳои миллӣ ва байналмилалӣ" низ зикр шудаанд.

Фаъолияти Маркази илмӣ - тадқиқотии "Помир - Чақалтой", ки аз соли 1991 то соли 2009 мутаваққиф шуда буд, пас аз имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ин замина, бо ҳамдастии пажӯҳишгарони рус дубора аз сар гирифта шуд.

Дар ин марказ, ки то ҳол хусусияти бесобиқагиаш дар сатҳи байналмилалиро гум накардааст, дар заминаи ҷурмҳои осмонӣ, фавқуннурҳо, заррачаҳои то кунун ношинохта дар таркиби атом, нурҳои рентгенӣ ва истифода аз нерӯи плазма таҳқиқот анҷом дода мешавад.

Пойгоҳи илмӣ-тадқиқотии "Помир - Чақалтой" дар 4440 метр баландӣ аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз нигоҳи иқлим ва ҷуғрофӣ мусоидтарин мавзеъ барои анҷоми таҳқиқотҳои илмӣ дар риштаҳои мазкур шмурда мешавад.

Маркази кайҳоншиносии «Помир-Чақалтой» дар соли 1973 бо номи маркази кайҳоншиносии «Помир» дар ноҳияи Мурғоб, дар шарқи кӯҳистони Помир бунёд шуда буд. Тоҷикистон танҳо дар соли 1996 ин пойгоҳро миллӣ эълон кард. Чанд сол сари молу мулки ин марказ миёни Русияву Тоҷикистон ихтилоф вуҷуд дошт. Баъд аз имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар панҷ соли пеш, ин муассиса Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии «Помир -Чақалтой» ном гирифт.
XS
SM
MD
LG