Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба 12 соли зиндон маҳкум шуд


Шоира Ҷобирова.
Шоира Ҷобирова.

Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар қатли Шоира Ҷобирова гунаҳгор ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ҳамчунин ӯро ба пардохти 1,5 миллион рубли русӣ ҳамчун зарари моддӣ ва маънавӣ ба наздикони Шоира Ҷобирова муваззаф кард.

Додгоҳи низомии округи Урал дар қаламрави пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл ҳукми худ дар нисбати Иван Шербаковро эълон кардааст. Хулосаҳои додгоҳ рӯзи 28 июл барои Радиои Озодӣ дастрас шудааст. Иван Шербаков бар асоси қисми дуи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "даст доштани ду нафар ва ё бештар аз он дар куштор" муттаҳам мешуд.

Аммо вакили мудофеи Иван Шербаков рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми зерҳимояаш пушти дарҳои баста қироат шуд ва ӯ дар куштори барқасдона маҳкум дониста шуд. Вакили дифоъ гуфт, ки додгоҳ эҳтимоли даст доштани ду сарбози дигари пойгоҳи 201-и Русия дар куштори Ҷобироваро нодида гирифт. Дар ҳоле, ки худи Шербаков пофишорӣ кардааст, ки худи ӯ дар ин куштор даст надошта, ду нафари дигар ин корро иҷро кардаанд.

Тибқи қарори додгоҳ, Иван Шербаков давраи ҷазоро дар яке аз маҳбасҳои вилояти Красноярск сипарӣ хоҳад кард. Наврӯз Султонов, аз наздикони хонаводаи Шоира Ҷобирова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ то андозае розӣ ҳастанд ва аз болои он шикоят нахоҳанд бурд.

Иван Шербаков
Иван Шербаков

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-умии Русия дар Тоҷикистон баъд аз ташхиси пурраи вазъи рӯҳиаш аз Екатеринбург дар охирҳои моҳи март ба Душанбе оварда шуд. Ташхиси вазъи равонии Шербаков тақрибан панҷ моҳ идома кард ва беморхонаи рӯҳии Екатеринбург вазъи ӯро мусбат баҳо дода, зикр кардааст, ки Шербаков мушкили равонӣ надорад.

Ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омада буд, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудаанд. Шербаков ба гумони қатли Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябри соли гузашта дастгир шуд.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Бобо Ҷобиров, бародари Шоира, гуфта буд, ки сарбози пойгоҳи 201-уми Русия баъд аз бадрафторӣ бо хоҳари 22-солааш ӯро ба қатл расонда, дар қуттии ахлот ё "мусор"-и назди пойгоҳ партофтааст.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 ноябри соли гузашта аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия, воқеъ дар пойтахт шадидан нигаронӣ карда, дар ин бора ба сафири Русия Игор Лякин-Фроловёддошт ё нота супурд. Аслов гуфта буд, ин ҳодиса ба рӯҳияи дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия посухгӯ нест.

Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шуда буд, ки "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд".

Дар тӯли ду соли охир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли гузашта бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG