Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арҷгузорӣ ба Томин. Аммо чаро ба "босмачиҳо" ҳайкал намегузоранд? (ВИДЕО)


Даҳҳо генералу афсари пойгоҳи низомии Русия ва кормандони сафорати ин кишвар пас аз 91 соли қатли Николай Томин, ба суроғи мавзеи қатли ин фармондеҳи Артииши Сурх ба ноҳияи Восеъ омаданд.

Сафорати Русия ва пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон рӯзи 15 март дар деҳаи Қарағочи ноҳияи Восеъ лавҳае ба ифтихори 91-умин солгарди кушта шудани Николай Томин, фармондеҳи як воҳиди Артиши Шӯравӣ дар солҳои истиқрори ҳукумати Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, гузоштанд.

Николай Томин, ки ба хотири барқарории низоми Шӯравӣ дар ҷануби Тоҷикистон алайҳи мухолифони ин сохт меҷангид, 15-уми марти соли 1924 дар деҳаи Қарағоч дар як муҳорибае аз ҷониби Алиназар -- раҳбари як дастаи муқовиматгарон дар ҷануби Тоҷикистон, ки Шӯравӣ онҳоро “босмачӣ” меномид, кушта шуда буд.

Дар маросими кушодашавии “лавҳаи Томин” намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон, шуморе аз афсарону генералҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва намояндагони ҳукуматҳои Восеъ ва Кӯлоб ширкат доштанд.

Валерий Ергачов, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, ки пас аз пардабардори аз рӯи ин лавҳа ва анҷоми лаҳзаи хомӯшӣ сухан мегуфт, саҳми Томин дар барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистонро “ниҳоят бузург” донист. Ӯ ҳамчунин, аз таваҷҷӯҳи ҳукумати ноҳияи Восеъ ва собиқадорони ҷанг изҳори ташаккур кард, ки барои барқарор кардани лавҳаи Томин дар ҷои ҳалокаташ кӯмак кардаанд.

Вай афзуд: "Имрӯз мо лавҳаи нафареро кушодем, ки зиндагии худро барои мардум бахшида буд. Ӯ дар ноҳияҳое, ки босмачиҳо ҷойгир буданд, ҷанг кард ва дар рафти набардаш дар ҳамин мавзеъ фавтид."

Ғаффор Мӯсоев, раиси ноҳияи Восеъ низ гузоштани “Лавҳаи Томин”-ро як ҳодисаи таърихӣ донист. Ӯ дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, бо гузоштани ин лавҳа, сокинон аз як саҳифаи таърих огоҳ мешаванд, ки дар 90 ё сад соли пеш дар ин ҷо чӣ мегузашт?

Гузоштани “Лавҳаи Томин” дар ҳолест, ки пас пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, нақши "босмачиён" дар ҳаводиси солҳои бистум ва сиюми қарни гузашта мавзӯи баҳси таърихшиносон аст ва онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст. Бархе босмачиёнро то ҳол душман медонанд ва бархеи дигар онҳоро муборизони роҳи озодӣ унвон мекунанд. Онҳое, ки босмачиёнро муборизони роҳи озодӣ медонанд, аз қадршиносии афроде мисли Томин розӣ нестанд.

Маҳмуд Абдуллоев, устоди риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, босмачиҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. Гурӯҳе, ки воқеан, барои Ватан меҷангиданд ва гурӯҳе, ки ҷуз ғорат кори дигар надоштанд. Аммо Абдуллоев мегӯяд, афроде ба мисли Томин коре накарданд, ки мо онҳоро қаҳрамон унвон кунем.

Деҳаи Қарағочи ноҳияи Восеъ дар мавзее ҷойгир шудааст, ки Амир Олимхон, охирин амири аморати Бухоро аз ин роҳ ба Афғонистон фирор карда буд. Дар ҷануби Тоҷикистон то солҳои 1926 гурӯҳҳое, ки шӯравӣ онҳоро “босмачӣ” мехонд, алайҳи ин низом меҷангиданд.

Маҳз дар чунин яке аз задухӯрдҳо Томин кушта мешавад. То ду соли пеш деҳа ва мактабе номи Томинро дошт, вале ҳоло дар пайи тоҷикӣ кардани номҳо, ин деҳа ба Хоҷамӯъмин табдил ёфааст. Аммо то кунун ин деҳа миёни сокинон бо номи Томин шинохта мешавад.

Мирзоалӣ Бобохонов, сокини деҳаи Хуҷамӯъмин, собиқ Томин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, русҳо ба шахсияти Томин хеле арҷ мегузоранд. Ҳатто ба гуфтаи ӯ, то панҷ соли пеш, ки лавҳа сохта нашуда буд, барои посбонии оромгоҳи Томин аз сарбозони пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар Кӯлоб посбон гузошта мешуд, то онро хароб накунанд. Аммо ӯ мегӯяд, то даҳ соли пеш шуморе аз афроде, ки шӯравӣ онҳоро босмачӣ мегуфт, дар деҳаи онҳо зиндагӣ мекарданд. Бобохонов мегӯяд, ҳатто падари ӯро низ босмачӣ мегуфтанд, ки дар асл ҳеҷ кори хилофи қонун накарда буд.

Ӯ гуфт: «Дар деҳаи мо чанд нафаре, ки босмачӣ гуфта ҷазо дода буданд, зиндагӣ мекарданд ва чанд соли пеш онҳо мурданд. Хотироти аҷиб доштанд онҳо. Бархеашон воқеан босмачӣ будаанд, вале ҳамчун ҷосус миёни босмачиҳо даромада будаанд ва онҳоро ҳукумат чизе нагуфтааст. Падари маро низ босмачӣ эълон карданд ва ду сол падари ман мегурехт ва билохира дар пеши рус омада таслим мешавад ва мегӯяд, як гову ду гӯсола дорам, паронӣ парон, баъд одами маълумотдодагиро урус парондааст ва падари маро бегуноҳ медонанд.»

Ҳоло ягона муҷассамаи Николай Томин дар ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ боқӣ мондааст. Дар гузашта муҷассамаи дигари Томин дар маркази шаҳри Кӯлоб низ гузошта шуда буд, вале соли 2006 замони омодагиҳо барои таҷлили 2700-солагии Кӯлоб, ин пайкара канда шуд ва ба ҷои он бинои «Бахт» қомат афрохт.

Аммо ба гуфти сокинон, аз дасти сарбозони Артиши сурх даҳҳо донишмандони тоҷик кушта шудааст. Мазоре, ки дар деҳаи Тугарак, каме дуртар аз деҳи Қарағоч, макони қатли Томин вуҷуд дорад, ба нақли сокинон, оромгоҳи даҳҳо донишмандони тоҷик аст, ки дар солҳои 30 кушта шудаанд.

Мақомот аз Томин дар ҳоле қадрдонӣ мекунанд, ки то кунун ба онҳое, ки дарон солҳо алайҳи низоми Шӯравӣ меҷангиданд, дар Тоҷикистон арҷгузорие сурат нагирифтааст. Он ҳам дар ҳоле ки адр худи Русия - "гаҳвора"-и низоми Шӯравӣ ҳанӯз дар оғози солҳои 90 ҷанговарони Аритиши Сафедро, ки алайҳи Артиши Сурх меҷангид, сафед карданд ва дар бораи фармондеҳони аршади онҳо, аз ҷумла дар бораи Колчак ва Врангел чандин филми ҳунариву мустанад ва ҳатто сериалҳо ба навор овардаанд. Ин дар ҳолест ки дар бораи ягон фармондеҳи "босмачиҳо" - на дар бораи Давлатманд-бий, на дар бораи Иброҳимбек, на дар бораи Фузайл Махсум ва на дар бораи Ҳомид-қӯрбошӣ то имрӯз на филме бардошта шудаасту на муҷассамае гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG