Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Russia today» мехоҳад аз Тоҷикистон низ бигӯяд


Шабакаи телевизиони байналмилалии «Russia today» мехоҳад дар муаррифии Тоҷикистон ба мардуми кишварҳои олам, бо шабакаҳои телевизионии тоҷик ҳамкорӣ кунад.

Намояндаи ширкати телевизиони байналмилалии Русия мавсум ба «Russia today» бо як қатор шабакаҳои телевизони давлатӣ ва маҳалии Тоҷикистон роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати инъикоси масъалаҳои Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонро баррасӣ кардааст.

Рустем Сафронов, намояндаи ширкати телевизиони «Russia today» рӯзи 25-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки мехоҳанд дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизонҳои Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои мухталифи ин кишвар гузоришу барномаҳо пахш кунанд.

Вай гуфт, ки бо намояндагони телевизиони «Ҷаҳоннамо», «Пойтахт» мулоқот доштааст ва дар ибтидо тасмим гирифтаанд гурӯҳе аз журналистони шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистонро барои фаро гирифтан ба давраҳои омузишӣ, ба Маскав даъват кунанд.

Дар охирҳои ҳафтаи гузашта Рустем Сафронов бо муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов мулоқот намуда, масъалаи муаррифии Тоҷикистон дар барномаҳои ба забони англисӣ ва арабии «Russia today»-ро баҳс кардаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси созмони НАНСМИТ ба «Озодӣ» гуфт, ки «Russia today» аслан як шабакаи телевизони Кремл буда, аз тарафи давлати Русия маблағгузорӣ мешавад.

Ин телевизон бештар дар хориҷ аз Русия, ба вижа дар кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ барномаҳои мухталиф пахш мекунад ва ба забони русӣ феълан аз тариқи интернет гузоришу барномаҳо интишор медиҳад.

Намояндаи телевизони мазкур бо созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ мулоқоту машваратҳо анҷом додааст. Тавре Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, «Russia today» мехоҳад мисли шабакаи Евронюс, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррафӣ кунад.

Қарор аст намояндаи «Russia today» рӯзи сешанбе бо вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон роҷеъ ба барномаҳои телевизонӣ, суҳбату гуфтугӯҳо анҷом бидиҳад.

Шабаки «Russia today» соли 2005 дар Маскав таъсис шуда, ба забонҳои англисӣ, арабӣ испанӣ ва бо чандин забони дигари ҷаҳон барномаҳо пахш мекунад. Феълан ҳудуди 530 миллион бинанда дар 100 кишвари ҷаҳон барномаҳои ин телевизионро тамошо мекунанд.
XS
SM
MD
LG