Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи гирд: Мо кай ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ хоҳем ёфт? (ВИДЕО)


Муҳимтарин натиҷаҳои Ҷоми ҷаҳонӣ-2014, бурдҳову бохтҳои футболи муосир ва оё Тоҷикистон кай ба чунин мусобиқоти мӯътабар роҳ хоҳад ёфт? Баҳси ин масоил дар мизи гирди видеоии Радиои Озодӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил шаби 13-уми июл дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио -де -Жанейро бо бозии ниҳоӣ байни тимҳои Олмону Аргентина анҷом ёфт. Голи ягонаи Марио Гётсе дар дақиқаи 113-ум Олмонро барои бори чорум қаҳрамони ҷаҳон кард. Олмон нахустин тими аврупоист, ки дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар қораи Амрико ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилро ҳаводорони ин навъи варзиш дар Тоҷикистон низ бо шавқ пайгирӣ карданд.

Аммо Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 аз 19 қаҳрамонии қаблии футболи дунё бо чӣ фарқ мекард? Бо чӣ лаҳзаҳову ҳодисаҳо ва падидаҳое дар ёдҳо хоҳад монд? Ва оё мо тими Тоҷикистонро кай дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳем дид?

Барои натиҷагирӣ аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразил дар студияи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе як мизигирди видеоӣ ташкил шуд, ки дар он Алимуҳаммад Мирзоев, мутахассиси варзидаи футбол, Заррина Абдулвоҳидова, хабарнигори барномаи бурунмарзии “Овози тоҷик”-и радиои Тоҷикистон, Бобоҷон Холмуродзода, шореҳи варзиши телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва Нури Наср, шореҳи варзиши телевизиони “Сафина” ширкат карданд.

Ин сӯҳбати мизи гирди Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:

Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 аз нигоҳи шореҳони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:19 0:00

XS
SM
MD
LG