Криштиану Роналду, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Португалия ва бозигари дастаи "Реал"-и Мадрид ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2017 барои бори панҷум барандаи ҷоизаи маҷаллаи France Football "Тӯби тиллоӣ" шуд.
Дар ин бора рӯзи 7 декабр дар саҳифаи расмии ин нашрия дар шабакаи иҷтимоии Twitter хабар дода шудааст.
Барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2017 ҳамагӣ 30 бозигар довталаб буд. Бар асоси раъйдиҳӣ ҳамлагари “Барселона”-и
Ҳеҷ вақт аз орзу кардан даст накаш. Ин бароят панҷумин "Тӯби тиллоӣ" мебошад. Ман хеле хушбахтам, ки ҳамроҳи ту ҳастам. Ман туро дӯст медорам
Испания Лионел Мессии аргентинӣ мақоми дувум, ҳамлагари бошгоҳи ПСЖ-и Фаронса Неймари бразилиягӣ мақоми севум, дарвозабони «Ювентус»-и Италия Ҷонлуиҷи Буффон мақоми чаҳорум ва нимҳимоятгари «Реал»-и Испания Лука Модричи хорватиягӣ мақоми панҷумро касб карданд.
Роналду дар мавсими футболи 2016/17 дар ҳайати дастааш қаҳрамони Испания, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳон, инчунин барандаи Суперҷоми Испания ва UEFA гардидааст. Вай беҳтарин нишонзани Лигаи қаҳрамонҳо мебошад (дар 13 бозӣ 12 гол задааст). Ӯ беҳтарин футболбози Аврупо аз рӯи ривояти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA) шудааст.
Роналду моҳи октябри соли равон беҳтарин футболбози соли 2017 аз рӯи ривояти Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) эътироф гаштааст.
Ҷоизаи панҷуми "Тӯби тиллоӣ"
Роналду бори панҷум «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард (солҳои 2008, 2013, 2014, 2016 ва 2017) ва аз рӯи ин нишондод бо ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва «Барселона»-и испания Лионел Мессии 30-сола (2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015) баробар шуд.
Пештар ҳамкории ФИФА ва маҷаллаи фаронсавии France Football, ки аз соли 1956 "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, хотима ёфта буд. ФИФА соли 1988 ҷоизаи нави худ - "Бозигари сол"-ро таъсис дод.
Соли 2010 ноширони маҷалла ва ФИФА шартномаи панҷсола ба имзо расонданд, ки тибқи он "Тӯби тиллоӣ"-ро Федератсиони байналмилалии футбол аз рӯи натиҷаи раъйдиҳии мураббиёну капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ ва намояндагони васоити ахбори умум месупорад.
"Мехоҳам беҳтарин бошам"
Криштиану Роналду баъди эълони баранда шуданаш гуфт, "ин лаҳзаи афсонавӣ дар карйераи ман аст. Ман инро дер боз интизор будам. Ба ҳамаи мураббиёну ҳамдастаҳои собиқам изҳори сипос менамоям. Ба президенти бошгоҳи “Реал”, ба хонаводаи худ ташаккур мегӯям. Ман мехоҳам беҳтарин бошам.”
Рӯзи 7-уми декабр дар маросими супурдани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар Париж ситораҳои футболи ҷаҳон ва хабарнигорон ҷамъ омада буданд, то ки бифаҳманд киро беҳтарин футболбози сол эълон мекунанд. Аҷаб бошад ҳам, сюрприз нашуд: барандаи "Тӯби тиллоӣ" дар соли 2017 Криштиану Роналдуи 32-сола гардид.
Барои дастгирӣ кардани футболбози беҳтарини ҷаҳон дӯстдухтари ӯ Ҷорҷина Родригес омада буд, ки 12-уми ноябри соли равон аз Роналду духтарчаи дӯстрӯякеро таваллуд кардааст ва ӯ чаҳорумин фарзанди ин оила маҳсуб мешавад. Ҷорҷина дар шабакаи иҷтимоӣ дар Instagram-и худ ҳамсарашро бо ҷоиза табрик карда, чунин навиштааст: “Ҳеҷ вақт аз орзу кардан даст накаш. Ин бароят панҷумин "Тӯби тиллоӣ" мебошад. Ман хеле хушбахтам, ки ҳамроҳи ту ҳастам. Ман туро дӯст медорам.”
Криштиану Роналду ният дорад, ки тобистони соли 2018 бо маҳбубаи худ Ҷорҷине Родригес издивоҷ намояд. Ба иттилои рӯзномаи Correio de Manha, ки аввалин шуда дар бораи ҳомиладор шудани Родригес, инчунин дар бораи он ки тобистони соли 2017 модари ҷойгузин ба футболбози машҳур дугоник таваллуд мекунад, хабар дода буд, тӯй моҳи августи соли 2018 баъди он ки Криштиану Роналду пас аз ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия ба мурахассӣ меравад, барпо мегардад.