Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар Бурил дар пайи қатли кӯдаки панҷсола


Аксҳо аз Бурил. 17 феврал
Аксҳо аз Бурил. 17 феврал

Дар пайи қатли як кӯдаки қазоқ дар ҷануби Қазоқистон сокинон даст ба эътироз задаанд. Дар қатли ин кӯдак як турки маҳаллиро айбдор мекунанд.

Қатли як кӯдаки панҷсолаи қазоқ аз сӯи ҳамдеҳаи туркаш дар рустои Бурили ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул дар ҷануби Қазоқистон мунҷар ба гирдиҳамоии сокинони ин русто шуд. Мақомот билофосила чораҳои фавқулодда андешида, нафари гумонбар ба ин кушторро дастгир кардаанд. Пулис мегӯяд, ин ҷиноят табиати маишӣ дошт ва дуздии молумулки хонаводаи кӯдаки кушташуда рабт мегирад.

Мақомоти маҳаллӣ рӯзи 17 феврал дар маркази рустои Бурил сокинонро ҷамъ оварда, ба онҳо дар бораи натиҷаҳои муқаддамотии тафтиши қазия хабар доданд. Департаменти корҳои дохилаи вилояти Ҷамбул мегӯяд, вазъ дар ин русто ором аст.

Бино ба гузориши пулиси Ҷамбул, шоми 15 феврал дар як манзили шахсӣ ҷасади Дюйсенбек А.С. ном як кӯдаки сокини рустои Бурилро бо аломатҳои марги иҷборӣ пайдо кардаанд.

Департаменти корҳои дохилӣ мегӯяд, “дар мавриди ин қазия ар асоси зербанди 14-уми қисми дуюми моддаи 99-уми Кодекси ҷиноӣ (куштори нафари ноболиғ) тафтишот шурӯъ шудааст.”

Нафари гумонбар дар ин куштор – Д.М. Кавазуғлӣ, ки 18 сол доштааст, дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққат интиқол дода шудааст. Пулис мегӯяд, ин як ҷинояти маишист.

Сокинони рустои Бурил ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки роҳҳои русто баста шуда, дар кӯчаҳояш кормандони мусаллаҳи нирӯҳои вижа мегарданд. Ба гуфтаи сокинон, дар русто баъди паҳн шудани хабари куштори кӯдак нооромиҳо сар зад ва садҳо нафар бо талаби аз Бурил рондани хонаводаи нафари гумонбар ба қатли кӯдаки қазоқ ба кӯча рехтанд. Гирдиҳамомадагон ҳамчунин талаб кардаанд, ки аз хонаводаи кӯдаки кушташуда узр бихоҳанд.

Яке аз сокинони Бурил вазъи пешомада дар ин русторо чунин тасвир кард: “Мардум ба по хест, чунки ба ҳама маълум аст, ки кор танҳо бо як ҳукми додгоҳ тамом мешавад. Вале пулис талош дорад, пеши роҳи мардумро бигирад. Даромадану баромадан ба Бурилро манъ кардаанд, ҳама ҷо баста аст. Шумори нирӯҳои СОБР (воҳиди вижаи зудамали пулис) бо аслиҳаву сагҳояшон дар кӯчаҳои Бурил назар ба мардуми ҷамъшуда бештар аст. Мардум талаб дорад, ки ба мисли Сариоғош онҳоро аз Бурил бикӯчонанд.”

Манзури ин ҳамсӯҳбати Озодӣ беназмиҳои як соли пеш дар рустои Сариоғош дар вилояти Қазоқистони ҷанубист. Моҳи феврали соли 2015 дар пайи кушта шудани як қазоқи маҳаллӣ аз сӯи як тоҷик мардум ба шӯр омада, ба хонаҳои тоҷикони сокини ин русто ҳамла карданд. Мақомот ба хотири ором кардани мардум тоҷикҳоро аз ин русто кӯчонданд ва як тоҷики муттаҳам дар қатли ҷавони қазоқро маҳкум ба зиндон карданд.

Як корманди ҳокимияти ҷамоати Бурил ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, дар маркази рустои Бурил ҷамъомади сокинон идома дорад: “Кӯдаки хурдсол мурд ва ҷамъомад ба ҳамин масъала иртибот дорад. Мақомот ба сокинони чӣ қазоқ ва чӣ турк вазъиятро мефаҳмонанд. Ҳоло ҳамаи раҳбарон дар ҳамонҷоянд – ҳам аз ҳокимияти ноҳия ва ҳам аз вилоят.”

Гуфта мешавад, барои ҳалли ихтилофи пешомада як кумиссиюни вижа ҳам таъсис додаанд, ки ба он чанд нафар аз намояндагони туркҳои сокини ин минтақаро низ шомил кардаанд.

Намояндаи ҷамъияти туркҳои Бурил Дунёдор Абдуллоев, ки барои изҳори ҳамдардӣ ба аҳоли хонаводаи кӯдаки кушташуда рафта буд, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷиноят дар заминаи маишӣ сар задааст ва худи ӯ аз мақомот ҷазои сахттарин барои нафари гунаҳкорро талаб мекунад: “Онҷо як дуздӣ буд. Дузд вориди хона шуд, вале кӯдак ӯро дид. Ва дузд кӯдакро кушт. Агар куштор намешуд, ин қадар ғавғо намехест. Ӯ барои пӯшондани изи ҷинояташ даст ба куштор задааст. Вале намефаҳмам, чӣ гуна дилаш шуд, ки ба сари кӯдак даст бардорад?

Дунёдор Абдуллоев изҳори нигаронӣ кард, ки бархе мехоҳанд ба ин ҳодисаи маишӣ обуранги як низои байниқавмӣ бидиҳанд ва барои иғво роҳ кушоянд: “Чунин ба назари ман расид, ки онҷо одамони бегона мегарданд ва мардумро шӯр медиҳанд. Фарёд мекунанд ки “на, набояд инро бахшид. Онҳо сокини инҷо нестанд, касе намедонад, ки киянд?”

Рустои Бурил, ки дар гузашта Ровное ном дошт, дар канори шаҳри Тароз, маркази маъмурии вилояти Ҷамбул ҷойгир шудааст. Дар ин русто, бино ба оморҳо, 7- 12 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG