Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ричард Фрай, муҳаққиқ ва дӯсти мардуми тоҷик


Ричард Фрай дар Эрон. Акс аз соли 2010
Ричард Фрай дар Эрон. Акс аз соли 2010

Ричард Фрай, пажӯҳишгари маъруфи Эрону Осиёи Марказӣ ва профессори ифтихории донишгоҳи бонуфузи Ҳарварди Амрико дар синни 94 даргузашт.

Ричард Нелсон Фрай (Richard Nelson Frye), яке аз мӯътабартарин муҳаққиқони Эрону Осиёи Марказӣ , рӯзи 27 март аз олам чашм пӯшид. Ричард Фрай ба забонҳои русӣ, немисӣ, арабӣ, форсӣ, пашту, узбекӣ, туркӣ ва ҳам ба англисӣ балад буд ва равон сӯҳбат мекард. Ӯ ҳамин тавр, ба гуфтаи муҳаққиқон, аз камшумор донишмандоне буд, ки ба забонҳои бостонии авестоӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ ҳам балад буд ва ҳамчунн ба тақрибан ба ҳамаи лаҳҷаву гӯишҳои роиҷ дар Эрон ошноии наздик дошт.

Фрай 10 январи соли 1920 дар шаҳри Бирмингҳами аёлати Алабама дар хонаводаи муҳоҷирон аз Шветсия ба дунё омада, баъди даргузашташ аз худ 4 фарзанд ба мерос гузошт. Ҳамсари дувуми ӯ Иден Набӣ аз Урмияи Эрон буд ва дар донишгоҳи Колумбияи Амрико дарс медод.

Фрай дар Алабама ба дунё омада, аммо дар шаҳри Малмёи Шветсия – ватани волидонаш – ба воя расидааст. Ӯ соли 1939 дар Донишгоҳи Иллинойси Амрико ба унвони бакалавр дар риштаҳои таъриху фалсафа даст ёфта, соли 1940 унвони магистри донишгоҳи Ҳарвардро соҳиб шуд. Соли 1946 дар Ҳарвард рисолаи докториашро дар риштаи таърихи Осиё ҳимоят кард.

Ричард Фрай дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон дар Дафтари хадамоти стратегӣ хидмат мекард ва ба Афғонистон эъзом шуда буд ва ҳатто аз соли 1942 то 1944 дар коллеҷи Ҳабибияи Кобул дарс ҳам гуфтааст. Ӯ ба Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ сафарҳои зиёде анҷом дод ва баъди ҷанг ба Ҳарвард баргашта, ба тадрис машғул шуд. Ӯ аз соли1948 то 1990 устоди ин донишгоҳ и мӯътабар буд ва то замони даргузашташ унвони профессори ифтихории Ҳарвардро дошт.

Ричард Фрай, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, ҳамчунин дар солҳои 60 дар донишгоҳҳои Франкфурту Ҳамбурги Олмон ва солҳои 1970-1975 ба ҳайси Мудири Пажӯҳишгоҳи Осиё ва узви ҳайати мудири Донишгоҳи Паҳлавӣ дар Шерози Эрон дарс додааст. Фрай солҳои 1990-1992 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ муддате ба шогирдон дарс гуфтааст.

Камолиддин Абдуллоев, муаррихи тоҷики муқими Амрико дар сӯгномае дар марги Фрай, ки “Азия Плюс” чоп кард, аз ҷумла менависад: “Нигоҳи Ричард Фрай ба тоҷикҳову ба Тоҷикистон бо нигоҳи Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров яксон буд ва аз ин рӯ ба сурати табиӣ дар Тоҷикистон пуштибонё ёфт. Ӯ чандин бор ба решаҳои умумии эрониҳову тоҷикҳо таъкид карда, ҳамзамон тоҷикҳоро аз халқҳои дигари Осиёи Миёна ва пеш аз ҳама, аз узбакҳо, ҷудо наамекард. Дар солҳои бозсозӣ Ричард Фрай ва ҳамсараш Иден Набӣ, ошӯрии зодаи Эрон, ки низ профессори Ҳарвард буд, қариб ҳар сол аз кишвари мо боздид мекарданд. Ин ду профессор дар ҳудуди бекормондаи корхонаи текстил дарсҳои забони англисӣ кушоданд. Ин дарсҳо ҳатто дар рӯзҳое, ки дар шаҳри мо эътирозҳо идом адоштанд ва бӯи ҷанги шаҳрвандӣ меомад, идома доштанд. Ричард Фрай худаш барои толибилмони тоҷиик маводи таълимӣ омода мекард.”

Профессор Фрай аз ташаббускорони таъсиси Маркази мутолиоти Ховари Миёна дар Донишгоҳи Ҳарвард буд. Ин марказ аз нахустин барномаҳои таҳқиқи Эрон дар Амрико ба шумор мерафт. Донишмандоне, чун Анн-Марӣ Шиммел, Олег Грабар, Ҷон Лимберт ва Френк Ҳаддл, ки баъдан як муддат сафири Амрико дар Тоҷикистон буд, аз парвардаҳои мактаби Фрай мебошанд.

“Шарқи наздик ва қудратҳои бузург”, ”Эрон”, “Мероси Эрон”, “Мероси Осиёи Марказӣ аз аҳди бостон то ҳамлаи туркон”, “Эрони бузург”, “Амрико ва Туркияву Эрон” танҳо чанд номгӯи китобҳоест, ки аз Ричард Фрай ба мерос мемонад. Дар сомонаи Википедия дар канори тарҷумаи ҳолаш шумори бештаре аз осори илмии Ричард Фрай низ мунташир шудааст:
  • The Near East and the Great Powers, Harvard University Press, 1951
  • Iran, George Allen and Unwin, London, 1960
  • The Heritage of Persia: The pre-Islamic History of One of the World's Great Civilizations, World Publishing Company, New York, 1963. Reprinted by Mazda Publishers, 2004. www.mazdapublishers.com
  • Bukhara: The Medieval Achievement, University of Oklahoma Press, 1965. Reprinted by Mazda Publishers, 1997. www.mazdapublishers.com
  • The Histories of Nishapur, Harvard University Press, 1965
  • Corpus Inscriptionum Iranicarum, vol. III, Dura-Europos, London, 1968
  • Persia (3rd edition) Allen and Unwin, London, 1969
  • The United States and Turkey and Iran, Archon Books, 1971
  • Sasanian Remains from Qasr-i Abu Nasr. Seals, Sealings, and Coins, Harvard University Press, 1973
  • Neue Methodologie in der Iranistik, Wiesbaden, 1974
  • The Golden Age Of Persia: The Arabs in the East, Weidenfeld & Nicolson, London, 1988
  • The heritage of Central Asia from antiquity to the Turkish expansion Markus Wiener, Princeton, 1996
  • Notes on the Early Coinage of Transoxania; Numismatic Notes, 113, American Numismatic Association, New York
  • Greater Iran, Mazda Publishers, 2005,
  • Ibn Fadlan's Journey To Russia, 2005, Markus Wiener Publisher,
XS
SM
MD
LG