Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири гурезаҳои тоҷик: "Номаҳо умеди сулҳ оварданд"


Маҳмаддовуд Мухторов.
Маҳмаддовуд Мухторов.

Маҳмаддовуд Мухторов, номанависи гурезаҳои Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, аз Имом-Соҳиб ба Тоҷикистон наздик ба 200 нома фиристода буд, ки на танҳо ҳамаро огоҳ карданд, балки дар сулҳ саҳм доштанд.

"Аз як тараф ғарибӣ, аз ҷониби дигар ёди хешу ақрабо ва ёру дӯстони хеле ноҳинҷорам кардааст ва ҳамвора дар сӯзу гудозам. Аммо мисраи Хоҷаи бузургвор "Гӯянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр каме ба дил таскин ва ба оянда умед мебахшад."

Ин нома 17-уми майи соли 1993 дар Афғонистон, дар урудгоҳи паноҳандагони тоҷик "Бухорӣ" дар Кундуз навишта шудааст. Матни он дар барномаи "Хоки Ватан"-и Радиои Тоҷикистон садо дода буд. Муаллифи ин нома ба дигарон, ки бо амри сарнавишт дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба мулки афғон гуреза шуданд, низ кӯмак кард, то садҳо сухани гарме нависанд. Садҳо чунин нома ба ҳазорон оилаи тоҷик имкон дод, ба рӯзи хуши сулҳ ва бозгашт ба Тоҷикистони худ умед банданд. Ҷустуҷӯи муаллифи нома моро ба водии Вахш бурд.

Собиқ совхози «Туркманистон», ки дар миёнаи солҳои 1990 ба саҳнаи даргириҳо табдил ёфт, акнун "Тоҷикобод" ном дорад. Дар ин ҷамоат ҳоло 30 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Дар оғози ҷанг аз ҳар даҳ нуҳ сокини ин маҳал ба Афғонистон фирор карданд, то худ ва фарзандонашонро аз оташи ҷанг ҳифз кунанд.

Паси девори баланди яке аз хонаҳои ин ҷамоат марде ба сар мебарад, ки ба шарофати ӯ қариб ҳамаи сокинони пешини совхози «Туркманистон» ба сулҳ бовар карданд ва ба хонаҳои худ баргаштанд. Ин Маҳмаддовуд Мухторов аст, ки ба гурезаҳо кӯмак мекард, ба наздикони худ нома нависанд. Мо ин марди солдидаро змоне ёфтем, ки дар полез кор мекард. Дар ним якуним соле, ки ӯ бо гурезаҳо дар Афғонистон мезист, ба пуле байни онҳо ва ватан табдил ёфт. Саҳеҳтараш вай бо дархости онҳо ба барномаи "Хоки Ватан"-и Радиои Тоҷикистон нома менавишт.

"Онҳое ба ман руҷӯъ мекарданд, ки ба саводи худ бовар надоштанд, хоҳиш мекарданд, фикру эҳсоси онҳоро дуруст бозтоб диҳам. Мо хабарҳои зиёд ва гуногун мешунидем. Дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон бисёр хабарҳое паҳн мешуд, ки на ҳамаи онҳо ҳақиқат доштанд. Ҳангоме ки ба фиристодани номаҳо ба ватан сар кардем, воҳима ба умед табдил ёфт. Одамон огоҳ шуданд, ки ин ё он шахси онҳо зиндааст, дар Афғонистон аст ва ташнаи бозгашт ба хоки ватан. Аз Душанбе, аз наздикон ҳам ба мо хабарҳо мерасид."

Номаҳои ғарибонаи фирориёни тоҷик аз Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:43 0:00

Маҳмаддовуд Мухторов мегӯяд, дар якуним сол бо мадади Созмони Милал наздики 200 нома ба Радиои Тоҷикистон фиристод. Ҳамин тавр робитаи фирориён бо ватан канда нашуд ва одамон аз сарнавишти наздикони худ огоҳ гаштанд.

"Вақте хабари дуруст нест, ҷойи онро овозаҳо мегиранд. Ман медонам, ки сабаби асосии таъсиси барномаи "Хоки Ватан"-и Радиои Тоҷикистон овозаҳои куштори овозхони машҳур Зафар Нозим шуд. Одамон аз ин хабар ба ваҳшат афтода буданд. Ман тасмим гирифтам, номае ба Душанбе фиристам, то ҳақиқати ҳолро фаҳмам. Сарояндаи машҳур худаш ба радио омад ва паём доду дуо кард, ки ин барнома муваффақ гардад".

Баъд аз ин гурезаҳо ба фиристодани даста-даста номаҳои худ сар карданд, то аз ҳоли хеш хабар диҳанд ва аз сарнавишти наздикони худ огоҳ шаванд. "Сиёсатмадорон ва ходимони ҷамъиятие, ки дар ду тарафи сангари ҷанг буданд, аз ин номаҳо дарк карданд, ки бояд ғами ҳазорон нафар аз фирориёнро хӯрд ва ба хотири бозгашти онҳо ба хусумат хотима дод," -- мегӯяд ин сокини водии Вахш.

Яке аз маҳшуртарин номаҳои худро Маҳмаддовуд Мухторов дар соли 1993 навишт. "Он вақт мо дар урдугоҳи Имом-Соҳиб будем. Қариб 10-12 ҳазор ҳамватани мо дар хаймаҳо мезистанд. Маргумир зиёд буд. Вабо сар шуд. Обро заҳролуд карда буданд. Ҳар рӯз касе мемурд. Боре шахсе бо номи Саидакбар Қоқалиев назди ман омад. Вай хоҳиш кард ба падару модараш нома нависам ва дархости ӯро расонам, ки барои бозгардонаш талош кунанд. Вай гуфт, нависам, ки агар тақдираш мурдан бошад, мехоҳад, дар ватанаш бимирад. Вақте ман суханони ӯро менавиштам, гиря гулӯгирам мекард. Ман бо азобе номаро навиштам ва мо онро равон кардем. Ба шарофати ин нома вай, бародаронаш ва аъзои зиёди оилаи Қоқалиевҳо, ки дар урдугоҳ буданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Маҳмаддовуд Мухторов, ки дар соли 1995 ба хонааш баргашт, ҳамоно робитаашро бо гурезаҳо дар Афғонистон ҳифз мекард. Ба гуфтаи ӯ, ин номаҳо умри бисёре аз ҳамдеҳагонашро дар ҷамоати "Тоҷикобод", ки тадриҷан бо мадади СММ ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ ба ватан баргаштанд, дароз карданд, умри дубора бахшиданд.

XS
SM
MD
LG