Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба падаре, ки се фарзандашро аз даст дод, ҷуброн ваъда кардаанд. ВИДЕО


Баҳодур Бӯрихонов дар сари қабри фарзандонаш

Хонаводаи Бӯрихоновҳо дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон гуфтанд, баъд аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи марги се фарзандашон "муносибати мақомот бо онҳо тағйир кардааст". Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, мақомот пешниҳод кардаанд, ки аз даъвои марги се фарзанд даст кашида, "дар иваз манзили дуҳуҷраӣ бигиранд".

Баҳодур Бӯрихонов, падари хонавода, мегӯяд, дар ними роҳ мондааст, ки хонаи ваъдагиро гирифта? аз шикоят даст кашад ва ё барои тантанаи адолат то охир равад.

Мақомоти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар ин бора расман чизе нагуфтанд ва талоши мо барои дарёфти назари онҳо дар ин бора то ин дам бенатиҷа буд.

Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябри имсол дар бораи марги Нозанини 10-сола, Маҳҷабини 7-сола ва Шаҳриёри 6-сола гузориш дод. Ин наврасон рӯзи 16-уми июли имсол ба чуқурии кандаи роҳсозон афтода, ҷон доданд. Волидон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, "касе ба додашон намерасад".

Баҳодур Бӯрихонов рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани марги фарзандонаш муносибати мақомот ва додситонӣ ба ӯ тағйир ёфтааст. "Раиси ноҳияи Темурмалик, додситон ва чанд масъули дигар ба хона омада, аз аҳволи мо пурсиданд", -- афзуд ӯ. Вале ӯ гуфт, дар марвиди марги фарзандонаш парванда боз нашудааст.

Дар марги се кӯдаки Бӯрихонов кӣ гунаҳкор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Мусоҳиби мо гуфт, мақомот ба воситаи хешовандонаш аз ӯ хостаанд, ки аз даъвои марги фарзандон даст кашад ва дар иваз ба ӯ як манзили дуҳуҷраӣ медиҳанд. "Бовар надоштам, мақомот камбағалеро, ки ба даъвояш ҳеч кас гӯш намекард, суроғ мекунанд. Гуфтанд, ки мо он нафаронро ҷазо медиҳем, вале кӯдакони ту зинда намешаванд", -- нақл кард Баҳодур Бӯрихонов.

Падари се навраси ҳалокшуда афзуд, ҳоло тасмим нагирифтааст, ки аз даъво даст кашад ва ё то охир барои ҷазо додани гунаҳкорони марги фарзандонаш талош кунад. Баҳодур Бӯрихонов бовар дорад, ки "агар аз пайи даъво наравад, фарзандонаш ором хоб нахоҳанд рафт".

Аммо мақомоти ноҳияи Темурмалик то ҳол дар бораи "пешниҳоди хона дар ивази даст кашидан аз даъво" вокуниш накардаанд.

Хонаводаи Бӯрихоновҳо дар марги фарзандонашон роҳсозонеро гунаҳкор медонанд, ки роҳи “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг”-ро азнавсозӣ карда буданд. Чун ба гуфтаи хонавода, фарзандони онҳо дар чуқурие афтода, ҷон доданд, ки роҳсозон онро канда, саривақт бо хок пур накарданд.

Масъулияти азнавсозии роҳи «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг»-ро дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик ширкати "China Road"-и Чин ба уҳда дошта, пули сохтмонро Бонки Осиёии Рушд додааст. Дар дафтари Бонки Осиёии Рушд рӯзи 12-уми сентябр дар як посухи хаттӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, аз шунидани хабари марги кӯдакон андӯҳгин шуда, ҳамдардии амиқи худро ба оилаи фавтидагон мерасонанд.

Бӯрихонов: Дар марги се кӯдаки ман кӣ гунаҳкор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
Линки мустақим

"Мо ба Вазорати нақлиёт, ки тарҳҳои роҳсозиро иҷро мекунад, тамос гирифтем, то дар бораи ҳодиса иттилои иловагӣ бигирем. Бонки Осиёии Рушд ҳангоми тарҳрезӣ ва амалӣ кардани тарҳҳо сиёсати мукаммали мутобиқ ба таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳониро пеш мебарад, ки механизмҳои ҳимояи экологӣ ва иҷтимоиро дар назар доранд," -- гуфтанд дар дафтари ин бонк дар Душанбе.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳанӯз натиҷаи санҷиши худро эълон накардааст.

Роҳи мошингарди "Кангурт-Балҷувон Ховалинг", ки қариб 43 километр дарозӣ дорад, бо паҳноии 7 метр сохта шуд.

Ин роҳро 6-уми августи соли 2019 бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода доданд. Пудратчии сохтмони ин роҳ ширкати "China Road"-и Чин буд, ки қаблан шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро сохтааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG