Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" дар Кӯлоб ҳам шикаст хӯрд. Бо ҳисоби бузурги 2:5


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 2-5 шикаст хӯрд.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд, шоми имрӯз, 7-уми май, поён ёфт.

Панҷ голи «Парвоз»-ро Юсуф Рабиев (6), Маъруф Умаров (23), Ҷаҳонгир Алиев (38) ва Фарҳод Тоҳиров (40, 66) заданд. Ду голи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов (14, аз пеналтӣ) ва Индус Ҳусейнов (85) ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 36-уми бозӣ сардовар Баҳром Саъдуллоев аз шаҳри Қӯрғонтеппа бозигари «Равшан» Фаридун Рустамовро барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон хориҷ кард.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 10-11-уми май баргузор мешаванд. Се бозӣ рӯзи шанбе байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Энергетик” (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум
7-уми май, чоршанбе.
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ» - 2-5
Голҳо: Юсуф Рабиев (6), Маъруф Умаров (23), Ҷаҳонгир Алиев (38), Фарҳод Тоҳиров (40, 66) – «Парвоз», Наврӯз Рустамов (14, аз пеналтӣ), Индус Ҳусейнов (85) – «Равшан».


Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ. 4500 тамошобин.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Даври 4-ум
10-уми май, шанбе. Оғози бозӣ – соати 18:00
«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Оғози бозиҳо – соати 17:00
«ВАХШ» - «ПАРВОЗ»
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «РАВШАН»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
Сардовар: Диловаршох Орзуев (Ҳисор).

11-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17:00
«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - ССКА «ПОМИР»
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР»
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол»32106-27
2.«Парвоз»32017-46
3.«Энергетик»31204-35
4.«Хуҷанд»31202-15
5.«Регар-ТадАЗ»31114-24
6.«Хайр»31116-54
7.«Вахш»31021-23
8.«Равшан»31024-83
9.«Далерон-Ӯротеппа»30211-42
10.ССКА «Помир»30122-61
Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН ва Фарҳод ТОҲИРОВ (ҳарду - «Парвоз»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ
XS
SM
MD
LG