Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Чеченистон Рашид Раҳимовро ба тими "Аҳмат" баргардонд


Рашид Раҳимов, дастпарвари футболи тоҷик ва собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, сармураббии тими «Аҳмат»-и Грозний таъйин шуд. Дар ин бора Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар Твиттери худ эълон кардааст.

Раҳимов дар ин вазифа Игор Ледяховро, ки вазифаи сармураббии дастаро тарк намудааст, иваз намуд. Дар ҳамин ҳол “Аҳмат” дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Русия (Премйер-лига) бо 7 имтиёз дар байни 16 даста мақоми 9-умро ишғол мекунад (2 пирӯзӣ, 1 мусовӣ, 3 бохт, таносуби тӯбҳо 6-8).

Рашид Раҳимови 53-сола яке аз муваффақтарин мураббиён дар таърихи бошгоҳи футболи Грозний мебошад,ки пештар номи "Терек"-ро дошт. Ӯ дар ин бошгоҳ аз соли 2013 то 2017 кор кардааст. Дар мавсими 2016/17 бошгоҳ дар таърихи худ мақоми аз ҳама баланд - панҷумро – касб намудааст.

Исми тими футболи Чеченистон ба номи падари Рамазон Қодиров - Аҳмад гузошта шудааст
Исми тими футболи Чеченистон ба номи падари Рамазон Қодиров - Аҳмад гузошта шудааст

Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари бошгоҳи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе мебошад. Вай дар дастаи «Помир»-и Душанбе нимҳимоятгар ва ҳимоятгар буд ва дар чемпионати СССР дар лигаҳои якуму олӣ бозӣ кардааст. Соли 1988 ба унвони "Устоди варзиши СССР" мушарраф шудааст. Ӯ дар чемпионати Русия шарафи дастаҳои "Локомотив" ва "Спартак"-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Инчунин ӯ дар бошгоҳҳои аврупоии «Валядолид»-и Испания ва «Аустрия», «Адмира Ваккер» ва «Рид»-и Австрия ҳунарнамоӣ дошт. Вай дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия низ чанд бозӣ анҷом додааст. Рашид Раҳимов қаҳрамони Русия (1992, 1994) ва барандаи Ҷоми СССР (1991-92), инчунин, ғолиби мусобиқаи лигаи якуми СССР (1988) мебошад. Раҳимов баъди анҷоми карйерааш ба ҳайси бозигар ба кори мураббигӣ гузашт. Рашид Раҳимов сармураббии «Амкар»-и Перм (2006-2007 ва 2009-2011), «Локомотив»-и Маскав (2007-2009) буд

XS
SM
MD
LG