Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе бо ҳамсояҳо низоми нави мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад


Мулоқоти президент Раҳмон бо мақомоти низомии Чин

Мақомоти тоҷик бо раҳбарияти аршади низоми се кишвари ҳамсоя – Чин, Афғонистон ва Покистон як низоми нави ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд, ки барои мубориза бо терроризм дар минтақа ва кӯмак дар таҳкими сулҳи Афғонистон равона шудааст.

Ҷаласаи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти ин се кишвар рӯзи якшанбе баргузор шуд ва рӯзи душанбе, 28 август ширкатдорони ин ҷаласа ба таври ҷудогона бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карданд. Сайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки таъсиси низоми ҳамкории

То замоне, ки террористон дар хоки Покистон паноҳгоҳ доранду аз ҳамон ҷо мусаллаҳ мешаванд, мубориза бо терроризм душвор хоҳад буд

чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим буда ин ташаббус метавонад омили муҳими таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон гардад. Дар ҷаласаи Душанбе, аз ҷумла, сардорҳои Ситоди артиши Покистон Қамар Ҷовид Баҷва, Чин - Ли Зо Чен ва Афғонистон - Муҳаммад Шариф Яфталӣ ва муовини вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Cобирзода иштирок карданд.

Имзои санади ҳамкорӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, таъсиси низоми ҳамкориҳои чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи ситодҳои генералии чор кишвари минтақа ба хотири мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Дар поёни мулоқоти чорҷониба миёни фармондеҳони ситодҳои генералии ин кишваррҳо як санад оид ба табодули иттилоъ ва ҳамоҳангсозии неруҳои ҳарбӣ дар баробари терроризм ва ифротгароӣ ба имзо расид.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нахустин мулоқоти чунин як ҳайате дар Душанбе мебошад, чун дар гузашта маъмулан мақомоти ин сохторҳо дар чаҳорчӯби музокироти дуҷониба мулоқотҳо доир мекарданд. Вай гуфт, санади имзошуда "иттилоърасонӣ ва ҳамоҳангсозии нерӯҳо алайҳи терроризм ва ифтротгароиро" дар назар мегирад. Вай гуфт, ҳама ҷонибҳо дарк мекунанд, ки вазъи амниятии Афғонистон нигаронкунанда буда ҳамкориҳои наздиктар ва ҳамоҳангшудаи ҳама кишварҳои ҳамсояро тақозо мекунад.

Ҳайати Афғонистон бо паёме ба Покистон рафтааст

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши Афғонии Радиои Озодӣ рӯзи 28 август гуфт, ки мулоқоти аввали сардорони ситоди ин кишварҳо рӯзи якшанбе сари масоили ҷилавгирӣ аз терроризм тамаркуз кард ва ҳайати Афғонистон бо паёме ба Покистон ба ин нишаст рафтааст:

“Ҷаласаи чорҷонибаи Афғонистон, Покистон, Чин ва Тоҷикистон бештар сари масоили сарҳадӣ тамаркуз кардааст, то ки алайҳи терроризм дар манотиқи марзӣ мубориза баранд, террористоне, ки аз як кишвар ба кишвари дигар мераванд”.

Давлат Вазирӣ гуфт, ки мавқеи кишвараш дар ин масъала кушоду рӯшан аст: "то замоне, ки террористон дар хоки Покистон паноҳгоҳ доранду аз ҳамон ҷо мусаллаҳ мешаванд, мубориза бо терроризм душвор хоҳад буд". Вай гуфт, паёми Афғонистон дар ин нишаст ҳам ҳамин буд, ки Покистон “бо дарки масъулият” дигар нагузорад, ки “терорристони Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар хоки ин кишвар паноҳ ёбанд. Покистон ҳамеша ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки худ қурбонии терроризм аст. Ҷаласаи Душанбе як ҳафта баъди муаррифии стратегияи нави Кохи Сафед барои Афғонистон баргузор мешавад.

Як ҳафта баъди муаррифии стратегияи нави Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп зимни муаррифии стратегияи нави худ барои Афғонистон рӯзи 21 август мубориза бо терроризмро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ “тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ИМА номид”.

Стратегияи нав афзоиши нирӯҳои ИМА дар Афғонистон, аз ҷумла, “нобудсозии ДИИШ, тахриби Ал-Қоида, роҳ надодани Толибон барои таҳти назорат гирифтани Афғонистон ва хатми террори амрикоиҳо дар марҳилаи омодагиҳо ба ин ҳамлаҳо” иборат мешавад. Дар ҳамин суханрониаш Трамп нахустин президенти ИМА шуд, ки Покистонро дар “паноҳгоҳ додан” ба террористони назири Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ интиқод кард. Таҳлилгарон гуфтанд, ки аввалин бор дар 15 соли охир раҳбари ИМА дар бораи нақши Исломобод дар ҷангҳои Афғонистон бо чунин лаҳн сӯҳбат кард.

Исломобод ба ин изҳорот посухи тунд дод ва иттиҳомоти Амрикоро рад кард. Покистон дар посух ба ин иттиҳомот сафари як дипломати баландпояи амрикоиро ба Исломобод, ки бояд 28 август шурӯъ мешуд, ба таъхир андохт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG