Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Файзобод чашмаро "хусусӣ" карданд


Cокинони деҳаи Қошқарии ноҳияи Файзобод мегӯянд, як ҳамдеҳаи онҳо чашмаеро, ки ягона манбаи об дар чарогоҳи онҳост, "хусусӣ" кардааст. Аммо ин мард мӯътақид аст, ки пеш аз сафари Ҳаҷ барои ҳамдеҳагонаш "кори хайр" кардааст.

Дар чарогоҳи деҳаи Қошқарии ноҳияи Файзобод, 45-километрии шарқи пойтахт ду чашмаи табиӣ мавҷуд аст, вале оби танҳо як чашма соф ва қобили нӯшидан будааст. Сокинони ин деҳа мегӯянд, оби чашмаи дувум лой аст ва ҳатто чорво ҳам аз он набояд бинӯшад.

Аммо, мегӯянд ин сокинон, бештар аз як моҳ мешавад, ки Нуралӣ Саидов, як сокини ин деҳа ягона манбаи оби ошомидании ин чарогоҳро бо қубур ба хонааш овардааст.

Саидаҳтам Камолов, як сокини Қошқарӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар маҷлиси деҳа беш аз 90 дарсади сокинон норозигӣ карданд, аммо Саидов боз ҳам обро ба хонааш овардааст.

«Оби чашма барои истифодаи умум аст, ҳеҷ кас ҳақ надорад, оби чашмаи табииро танҳо барои манфиати шахсӣ ба хонааш барад. Дар ҳамин бора маҷлис гузаронида буданд, ҳама мардум розӣ набуд, ки оби чашмаро Саидов ба хонааш барад. Аммо баъди чанде бо қубурҳои пластикӣ чашмаро ба тамом ба хонааш бурд,» - меафзояд Саидаҳтам Камолов.

Маъруф, сокини дигари рустои Қошқарӣ мегӯяд, ки бояд оби ин чашмаи саҳроӣ ҳарчӣ зудатар дубора дар дастраси мардум гузошта шавад, чунки чорвои онҳо беоб мондааст: «Оби чашмаи дувум хеле каму ифлос аст ва ҳам бӯй мекунад.»

Об дар чашмаву...

Ба гуфтаи Маъруф, чорвои 150 хоҷагии рустои Қошқарӣ ва онҳое, ки ба саҳро мераванду ба чарои чорво машғуланд, танҳо аз ҳамин чашма об менӯшиданд. Азбаски чашмаро батамом бастаанд, ҳоло ҳар нафаре ки ки ба саҳро меравад, маҷбур аст бо худ аз деҳа об бубарад.

Баҳром, сокини дигари рустои Қошқарӣ аст, ки рӯзе пеш навбати подабониашро анҷом додаааст, мегӯяд, обе, ки ҳоло дар саҳро ҳаст, ҳатто на ҳамаи чорво аз он менӯшанд. Ба гуфтаи вай, аксари чорво бо сабаби ифлос будани оби боқимонда то ба дохили деҳа омаданд лабташна мегарданд. «Азбаски оби ошомиданӣ набуд, бо худ аз хона ба саҳро об бурдем. Ақалан каме аз оби чашмаро барои нӯшидани мардм ва чорвои мардум намондаанд,» - гуфт Баҳром.

Сокини дигар деҳаи Қошқарӣ, Нуралӣ Шарофиддинов мегӯяд, агар ҳар нафар обҳои табиии атрофи деҳро барои манфиати шахсӣ истифода кунад, чорво ва табиати атроф беоб мемонад. «Дар деҳа ҳар кас имконияти овардани обро ба манзили худ дорад, аммо агар ҳар нафар оби саҳро ва дигар сарватҳои табиатро барои истифодаи шахсӣ аз худ кунад, оқибат чӣ мешавад?» - суол мегузорад ин ҳамсӯҳбати мо.

"Ин як кори хайр пеш аз сафарам ба Ҳаҷ буд"

Аммо раиси деҳаи Қошқарӣ бо вуҷуди норозигии сокинон ин масъаларо «ҳалшуда» медонад. Мирзоумар Саидов, раиси рустои Қошғарӣ дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат дар маҷлисе, ки дар масъалаи оби чашма баргузор шуда буд, мардуми деҳа розигӣ надода буданд, аммо баъд аз чанд рӯз Нуралӣ Саидов, ки гӯё аз мақомот ҳуҷҷат оварда бошад, оби чашмаро ба хонаи худ бурдааст. Аммо ба гуфтаи раиси деҳа, Нуралӣ Саидов ягон ҳуҷҷатеро, ки ҳаққи ӯ барои истифодаи истисноӣ аз оби ин чашмаро собит кунад, ба мардум нишон надодааст.

Бо вуҷуди ин Мирзоумар Саидов мегӯяд обе ки боқӣ мондааст, метавонад барои нӯшокӣ истифода шавад, ҳарчанд ки мардуми деҳа инро рад мекунанд. Ба гуфтаи раиси деҳа, Нуралӣ Саидов аз обе, ки овардааст, як нуқта ба бунгоҳи тиббии деҳа низ хоҳад дод.

Дар ҳамин маврид Нуралӣ Саидов, нафаре, ки оби чашмаро ба хонааш овардааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои овардани оби чашма аз ниҳодҳои дахлдор ҳуҷҷат гирифтааст. Аммо гуфт, барои ин кор розигии мардумро лозим намешуморад.

«Барои овардани оби чашма, ки дар саҳро зиёдатӣ буд, аз мақомот иҷозат гирифтаам. Барои Ҳаҷ рафтан раиси ноҳия гуфт, ки ҳар кас як кори хайр кунад, баъд ба зиёрати Хонаи Худо равад. Ман ҳам гуфтам, ки ҳамин кори хайрро мекунам, яъне оби чашмаро овардам ва ба ду-се ҳамсоя тақсим мекунам. Бо харҷи худам обро то деҳа овардам ва нақша дорам, як нуқта ба бунгоҳи тиббӣ диҳам,» - гуфт Нуралӣ Саидов.

Аммо сокинони деҳа мегӯянд, ки бунгоҳи тиббӣ бо об таъмин аст ва ҳоҷат ба дигар манбаи об надорад. Сокинон даъво доранд, ки чашмаи табиӣ барои истифодаи умум аст ва дар ҳоле ки розигии онҳоро нагирифтаанд, бояд чашмаро барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG