Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ифшои маълумоти шахсии шаҳрвандонашро рад кард


Оҷонси давлатии ҳифзи маълумоти шахсии Қирғизистон 5 июн ба хабари расонаҳо дар бораи он ки як гуруҳи рахнагарон маълумоти шахсии садҳо ҳазор шаҳрванди ин кишварро ошкор ва нашр кардааст, вокуниш кард.

Ин ниҳод гуфтааст, хабари расонаҳоро омӯхт ва он ҳақиқат надорад. "Таҳлили маълумоти нашршудаи шахсии 600 ҳазор қирғизистонӣ ба маълумоте монанд аст, ки соли 2020 дар натиҷаи рахна шудани пойгоҳи маълумоти Хадамоти давлатии андози кишвар расонаӣ шуда буданд", - омадааст дар иттилоияи оҷонс.

Ҳамчунин мониторинги оҷонс нишон дод, ки давоми рӯзҳои ахир маълумоти шахсии шаҳрвандон аз низомҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ дуздида нашудааст.

Қаблан як гуруҳи рахнагарон, ки худро "Team Insane Pakistan" муаррифӣ мекунанд, гуфтанд, маълумоти беш аз 600 қирғизистонӣ ва ширкатро ошкор ва нашр кардаанд.

Рахнагарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва паёмакрасони Телеграм гуфтаанд, ин корро дар эътироз ба бетартибиҳои шаби 17 май дар Бишкек алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG