Вазири корҳои хориҷии Олмон афзудааст, ки бояд низоми боэътимоди боз доштани таҷовузгариҳои Русия сохта шавад ва он Лаҳистон, кишварҳои назди Балтик ва Финландияро ҳам, ки бевосита бо Русия ҳаммарз ҳастанд, ҳимоят кунад.
Вашингтон ва Берлин дар саммити НАТО дар моҳи июли имсол эълом карданд, ки дар Олмон мушакҳои дурпарвози амрикоӣ ҷойгир карда мешавад.
Путин дар вокуниш ба ин тасмим гуфт, агар Олмон муҷтамаъҳои мушакии амрикоиро, ки тавони зарба ба қаламрави Русияро доранд, дар ҳудуди худ ҷой диҳад, Маскав низ мушакҳои миёна ва кутоҳпарвози худро насб хоҳад кард.