Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ваъдаи хушку холӣ? "Роснефт" "Манас"-ро нахарид


Ширкати русии “Роснефт” аз сармоягузории фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистон даст кашид. Ин дар ҳолест ки мақомоти қирғиз аз миёни 8 ширкати муддаӣ танҳо ба “Роснефт” бартарӣ дода буданд.

Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки ин ширкат бо чӣ далел аз “Манас” даст кашидааст? Ин хабар, ки ширкати русӣ сармоягузорӣ ба фурудгоҳи асосии Қирғизистонро рад кардааст, ҳафтаи гузашта аз ҷониби раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҷараёни мулоқот бо сокинони вилояти Талос пахш шуд. Отамбоев гуфт: “Раҳбари “Манас” ба назди ман омад ва гуфт, ки ӯро Сечин (Игор Сечин – раҳбари “Роснефт”) ба Маскав даъват карда гуфтааст, ки қирғизҳо ба онҳо имкони кор намедиҳанд, аз ин рӯ, онҳо на 50 дарсади саҳмияҳоро мехҳанду на 51 дарсадашро.”

Қаблан мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки барои фурудгоҳи “Манас” сармоягузор меҷӯянд ва 8 ширкат, бо шумули “Роснефт”-и Русия, ки пакети асосӣ, яъне беш аз нисфи саҳмияҳои фурудгоҳро мехост, довталаби сармоягузорӣ ба ин пойгоҳи муҳим шудаанд.

Сеич ва Отамбоев
Сеич ва Отамбоев
Раисиҷумҳури Қирғизистон дар сӯҳбат бо яке аз телевизионҳои маҳаллӣ фурӯхтани “Манас” ба “Ростнефт”-ро дуруст номид ва аз мухолифони ба фурӯш гузоштани ин пойгоҳи стратегӣ интиқод кард. Ҳоло ба назар мерасад, ки посухи манфии Русия Отамбоевро нороҳат кардааст.

“Мо ба “Роснефт” пешниҳод кардем, ки ба “Манас” биёянд ва то 51 дарсади саҳмияҳои онро харидорӣ кунанд. Муҳим ки биёянд. Агар “Роснефт” меомад, мо соҳиби керосини арзон мешудем. Ҳавопаймоҳое, ки ба Тошканд ва Алма-Ато парвоз мекунанд, аз мо маводи сӯхт мегирифтанд. Дар ин сурат “Манас” ояндаи хуб медошт. Сечин кори дуруст кард. Ӯ гуфт, намеравад ба ҷойе, ки дар онҷо эҳтиром набошад,”- гуфт бо киноя Алмосбек Отамбоев.

Мудиромили фурудгоҳи “Манас” Илим Қариббеков низ гуфтаҳои раисиҷумҳурро тасдиқ кард ва гуфт, раҳбарияти фурудгоҳ бар иловаи ширкатҳои муддаӣ сармоягузорони дигарро низ ҷалб хоҳад кард.

Интихоби фурудгоҳи “Манас” бар сари “Ростнефт”-и Русия мавҷи мухолифатҳоро ҳам ба миён оварда буд. Яке аз шадидтарин мухолифон, раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Қилим шамъи” Азиза Абдурасулова бар ин аст, ки саҳмияҳои ин пойгоҳи стратегиро набояд ба хориҷиҳо бифурӯшанд. Ӯ мегӯяд, “мо набояд дар як ҷой ҷуфтак бизанем, фурудгоҳ бояд рушд кунад ва ба сатҳи байналмилалӣ бирасад, аммо бахши умдаи саҳмияҳо бояд дар дасти Қирғизистон бошанд.”

Пойгоҳи ҳавоии “Манас” аз соли 2001, аз шурӯи амалиёти байналмилалии зиддитеррор дар Афғонистон ҳамчун як масири муҳими кӯмак ба низомиёни Амрико хизмат мекард. Президенти ин кишвар моҳи июли соли 2013 зоҳиран таҳти фишори Русия қарордод бо Амрикоро бекор кард ва гуфт, маркази транзитӣ дар фурудгоҳи “Манас” баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон дар поёни соли 2014 аз кор хоҳад монд. Хуруҷи ҳудуди 1500 низомии амрикоӣ аз Бишкекро нашрияи амрикоии “Ню Йорк Таймс” ҳамчун анҷоми таҷрибаи кӯтоҳи густариши нуфузи Амрико дар саҳнаи Осиёи Миёна унвон кардааст.

Аз сармоягузорӣ ба фурудгоҳи “Манас” даст кашидани ширкати русӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон, боз як намунаест, ки сиёсати сармоягузории Русия дар паҳнои пасошӯравиро бозгӯ мекунад. Русия маъмулан тарҳҳои муҳиму ба истилоҳ “равғанин” дар кишварҳои пасошӯравиро таги чашм ва бо ваъдаҳои баланд барои худ банд мекунад, вале баъди дур кардани довталабони дигар маълум мешавад, ки пуле сарф карданӣ нест.


Дар ин росто аз ҷумла аз созишномаҳои соли 1994 ва 2004 ҷиҳати сохтани нирӯгоҳи Роғун имзокардаи Русияву Тоҷикистон ёдоварӣ мекунанд. Дар ҳарду маврид Русия ин тарҳи барои Тоҷикистон ҳаёматн муҳимро чанд сол банд кард ва дар ниҳоят аз таъмини молиаш даст кашид.
XS
SM
MD
LG