Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳи "Гулистон" "Хористон" шуд. Чаро? ВИДЕО


Деҳаи Гулистон дар ноҳияи Фархор

Деҳаи Гулистонро ғайрирасмӣ “Хористон” меноманд. Дар ин деҳаи ноҳияи Фархор кишти кишоварзон аз беобӣ дар заминҳои зироат норасида хушк мешавад.
Мақомот дар ноҳияи Фархор мегӯянд, арзи сокинони деҳа то гуши онҳо низ расидааст, вале мушкилотро “дар як рӯз ҳал кардан имкон надорад”.

Сокинон мегӯянд, манзараи беобӣ ва хушк шудани зироат ба чашм хор халиданро мемонад.

Деҳаи "Хористон" кай гулистон мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00


Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва об барои обёрии заминҳо мушкили рақами аввали сокинони ин деҳа аст. Аз пеши манзили Гулбаҳор Сафарова, сокини деҳаи Гулистон ҷӯйи об мегузарад, вале 5 сол шуд, бо вуҷуди талошҳои пай дар пай, аз он баҳра набурдаанд, чун раҳбарони хоҷагии деҳқонӣ барояшон иҷозаи истифодаи обро намедиҳанд.

Гоҳе ҳам ин хонавода барои наҷоти ҳосили худ аз раҳи дур об мекашанд, аммо он то замин намерасад. Гулбаҳор Сафарова мегӯяд, додхоҳияш аз идораҳои давлатӣ бенатиҷа будааст.

“Чанд маротиба ба ҷамоат ва ҳукумати ноҳия рафтем, ҳамааш моро фиреб карданд. Дар тобистони гарм ба об зор будем. Роҳи овардани об то се километр аст. Зимистон шуд, мо оби борон менушем”,--гуфт мусоҳиби мо.

Дар деҳаи Гулистон 30 хонавода зиндагӣ мекунанд. Ин деҳаи нав аст ва мақомот гуфтаанд, мекушанд обод шавад.

Сокинон мегӯянд, беобӣ ягона мушкили деҳ набуда, роҳ, мактаб ва бунгоҳи тибӣ ҳам надоранд.

Мурод Асламхонов, сокини дигари деҳаи Гулистон гуфт, хару ароба ягона василаи боркашонӣ барои сокинони деҳот ба ҳисоб меравад.

Агар нафаре бемор шавад, ба гуфтаи ӯ, беморро то роҳи асосӣ бо хару ароба мебаранд.

“Як мошин аз деҳаи мо гузар намекунад. Ҳама дар ин деҳот камбизоат аст, аз ин рӯ, касе ба додамон намерасад. Куҷое муроҷиат кардем, ваъда ҳаст, аммо вафо нест.”,--гуфт сокини деҳаи Гулистон.

Солҳои 2019 ва 2020 -ро ҳукумати Тоҷикистон рушди деҳот эълон кардааст. Сокинон мегӯянд, дар гумон аст, бо аҳволе, ки доранд, деҳаашон ба рушд бирасад. Чунки чандин бор аст, ҳукумат ваъдаи ҳалли мушкилашонро додаву фаромӯш кардааст.

Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор гуфт, ки "мушкилот зина ба зина ҳал мешавад".

"Якбора ҳамаи ин масъалаҳоро ҳал кардан амри маҳол аст. Агар гӯям, ки пагоҳ ҳал мешавад, не.",--гуфт раиси ноҳия.

Нағзигул Сайдаҳмадова, сокини кӯҳансоли деҳа мегӯяд, нимшухиву нимҷиддӣ “хористон” номидани деҳаашон мантиқист. ба гуфтаи ӯ, аз беобӣ ҷойи гул хор мерӯяд ва мардум аз мушкили зиёд хорӣ мекашанд.

“Техникаи мо хару ароба ҳаст. Бовар кунед, келинам, дар болои хар таваллуд кард. Кӯдаконро бинед, олуда ба хоку чанг ва дар даруни хорҳо мегарданд”,--гуфт ин зан.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёд онҳо умед доранд, ки фарёдашон аз марзи ноҳия фаротар мераваду “Хористон” ба гулистони воқеӣ табдил меёбад.

Мақомот мегӯянд, аксари сокинон дар ин мавзеъ аз пеши худ, худсарона манзил сохтаанд ва бо ҳукумат мувофиқа накардаанд. Бо вуҷуди ин, мегӯянд, талоши ободии ин деҳаро дар назар доранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG